Баҳси 10 ҳазор доллар. Барои Иззат Амон парвандаи нав боз кардаанд

Иззат Амон

Ба зидди Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷик, парвандаи нав кушодаанд. Наздиконаш гуфтанд, муфаттишони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба қаллобӣ ба маблағи даҳ ҳазор доллар гумонбар медонанд. Баҳсе, ки ба гуфтаи онҳо "ҳафт сол пеш ҳал шудааст" ва асосе барои ифтитоҳи парванда шуда наметавонад.

Як манбаъ дар Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми март бе зикри ном тасдиқ кард, ки нисбат ба Иззат Амон бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" парванда боз шудааст.

"Дар ин бора сокини Бохтар, Нурулло Воҳидов, шикоят кард. Барои анҷоми тафтишот ҳафтаи гузашта Иззат Амон аз зиндон ба боздоштгоҳ бурда шуд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин гуноҳ 125 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Наздикони Иззат Амон аз сохта будани даъво хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, Нурулло Воҳидов дар як соли охир ҳеч муроҷиат накарда буд, аммо моҳи январи имсол, вақте 232 сомонии боқимондаро аз парвандаи пешина ба соҳибаш баргардонданд ва бар асоси он бознигарии ҳукмро хостанд, "ӯ пайдо шуд".

Ашӯрбибӣ Холова, модари Иззат Амон рӯзи 7-уми март, гуфт, шахсеро, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят бурдааст, "хуб мешиносанд" ва парвандаи нав нисбати фарзандаш "беасос аст".

Ӯ афзуд: "Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд."

Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо Нурулло Воҳидов ва наздиконаш натиҷа надод, вале вай бо нашри наворе дар Ютуб иддао кардааст, ки Иззат Амон аз ӯ даҳ ҳазор доллар гирифта, то ҳанӯз барнагардондааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳанӯз даъвогарро бо Иззат Амон ва наздиконаш рӯбарӯ накардаанд.

Иззат Амонро, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик дар Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзи 19-уми октябри соли гузашта бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум намуданд. Ӯро моҳи декабр ба маҳбаси "Якум Советский" интиқол доданд.