Мақомоти интизомии Тоҷикистон Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷиронро барои адои ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбасе дар шаҳри Душанбе бурдаанд.
Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо номи "Якум Советский" нигаҳдорӣ хоҳад шуд.
Дар Вазорати адлия ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Иззат Амон то ду ҳафтаи дигар дар ин зиндон дар карантин мемонад ва сипас бо шароити иқомат дар онҷо шинос карда мешавад.
Иззат Амонро, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик дар Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзи 19-уми октябри имсол бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум карданд.
Тарафдоронаш мегӯянд, ки Иззат Амон бегуноҳ аст ва барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.