Ширкати русии S7 Airlines гуфт, аз 5-уми марти имсол ночор парвози ҳавопаймоҳояшро ба Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар бас кардааст.
Масъулонаш дар Телеграм сабаби тасмимро ба "вазъи ҳозира" пайванд дода, тафсилоти дигар ироа накардаанд. Дар асл ин тасмим дар пайи таҳримҳои сахти Ғарб алайҳи Русия ва ширкату мансабдоронаш эълон шуд.
Ба иттилои S7 Airlines, парвози ҳавопаймоҳояш ҳамчунин, ба Австрияву Арманистон, Булғористон, Озарбойҷон, Олмон, Қазоқистону Узбекистон қатъ шуд.
Ҳавопаймоҳои ширкат аз фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлобу Бохтар ба чанд шаҳри Русия, аз ҷумла Маскав, Барнаул, Новосибирск ва Омск, парвоз анҷом медоданд. Маълум нест, ин парвозҳо кай аз сар гирифта мешаванд.