Як тифли тоҷик, ки ҳамагӣ як моҳ пеш аз шурӯи ҳамлаҳои Русия ба Украина дар вилояти Харков ба дунё омада буд, дар пайи сарсонии хонавода ва бемории варами шуш даргузаштааст.
Саҳифаи "Оперативный ЗСУ" дар Телеграм навишт, ки тифлро рӯзи 4-уми март дар Лвов дафн карданд. Мақомоти Тоҷикистон марги Амирро дар Украина тасдиқ карда, гуфтанд, "ӯ 43 рӯз дошт".
Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "падари хонавода, Саъдулло Исломов, шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамсараш аз Украина аст."
"Онҳо асосан дар Харков кору зиндагӣ мекарданд. Бо оғози даргириҳо, дар таҳхонаҳо буданд ва онҷо шуши кӯдакро сармо задааст. Сипас ба Лвов рафтанд, то аз ин роҳ ба кишварҳои ҳамсоя гузаранд. Тифл аз пневмония даргузашт," -- гуфт Назризода.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 28-уми феврали имсол, пас аз чаҳор рӯзи ҷанг дар Украина, дар хонаводаи тоҷики муқими Киев як кӯдак ба дунё омадааст, ки номашро Амина гузоштаанд. Дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ин оила ба зудӣ ба Лаҳистон интиқол хоҳанд ёфт.
Ба иттилои расмӣ, чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина сабтином шуда, аз оғози ҷанг беш аз ҳазор нафари онҳо ба Лаҳистон ва кишварҳои дигар рафтаанд.
Маълум нест, мақомот онҳоро кай ва чӣ гуна ба кишвар меоранд. То ин дам Узбекистону Қазоқистон садҳо шаҳрванди худро бо ҳавопаймоҳо аз Лаҳистон баргардондаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз дар мавриди ҷанг дар Украина низ мавқеи худро ошкор накардаанд, вале дар Маҷмаи кулли Созмони Милал аз рой додан ба зидди Русия худдорӣ варзиданд. Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон аст ва дар кишвар пойгоҳи низомӣ дорад. Душанбе бо Киев низ додугирифт дорад. Чархаҳои аввалинро барои нерӯгоҳи "Роғун" ширкати "Гидротяжмаш"-и Украина сохтааст.