Ба сабаби таҳримҳо ба зидди Русия, бонкҳои Тоҷикистон фурӯши долларро ба мизоҷон кам кардаанд. Соҳибкороне, ки молу маҳсулотро аз хориҷ меоранд, гуфтанд, дар тиҷораташон мушкил пеш омадааст. Масъулони бонкҳо ба таври расмӣ мавзуъро шарҳ намедиҳанд.
"Се рӯз гаштем, доллар наёфтем"
Мизроб Рафиев, тоҷири қисмҳои эҳтиётии мошин, чанд рӯз боз наметавонад аз бонкҳои Душанбе доллар биёбад. Вай рӯзи 4-уми март гуфт, “ширкати хадамотрасон аз Литва моли моро аз Олмон овард. Се рӯз бонкҳоро гаштем, доллар наёфтем, то ҳаққи хидмати онҳоро пардохт кунем. Ваъда додем, ки то 10 рӯзи дигар ёфта мефиристем.”
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми март барои ошноӣ бо вазъ ба чанд бонк рафтанд. Намояндагони бонкҳо, аз ҷумла дар "Эсхата" ва "Амонатбонк", камчин шудани долларро тасдиқ карданд, аммо аз шарҳи масъала худдорӣ варзиданд.
Дар яке аз намояндагиҳои "Аввалин Бонки Молиявии Хурд" бо маҳдудият доллар медиҳанд. Баръакси рӯзҳои гузашта дар банкоматҳояш доллар ёфт намешавад.
Масъулони Бонки Миллӣ вазъиятро дақиқ шарҳ надоданд. Дар дафтари матбуоти бонк гуфтанд, тағйироти охирро дар бозори асъор меомӯзанд ва рӯзҳои наздик ба таври расмӣ тавзеҳ медиҳанд.
Даъватҳо барои коҳиши вобастагӣ аз Русия
Коршиносон мушкили дастрасӣ ба долларро ба таҳримҳои ахири Ғарб алайҳи Маскав рабт дода, мегӯянд, бонкҳои Тоҷикистон бояд пойбандии зиёди худро аз бонкҳои Русия камтар кунанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 4-уми март гуфт, “бадбахтӣ дар ҳамин аст, ки ҳисоби бонкҳои мо асосан дар бонкҳои Русия аст. Ҳоло SWIFT байни бонкҳои Русия ва Ғарб кор намекунад. Инҷо азобашро мо мекашем. Бояд на танҳо бо Русия, бо Олмон, Бритониё, Фаронса, Испанияву Малайзия ва кишварҳои дигар ҳамкориҳоро ба роҳ монд.”
Як сабаби камчинии долларро баъзе аз тоҷирон ва таҳлилгарон дар фосилаи зиёди миёни қурби расмӣ аз қурби ба истилоҳ "бозори сиёҳ" медонанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 доллар 1130 сомонӣ нишон дода шудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, дар муомилаҳои пинҳонӣ ин рақам ба 1200 сомонӣ дакка хӯрд. Бо баста шудани нуқтаҳои саррофӣ хариду фурӯши арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон танҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ ва ё ташкилоти хурди қарзӣ имконпазир аст.
Камчинии доллару болоравии арзиши он дар "бозори ғайрирасмӣ" ва ҳамчунин коҳиши қурби рубли русӣ ба кору зиндагии сокинони Тоҷикистон беътаъсир намемонад. Ҳарчанд феълан тағйироти ҷиддӣ дар арзиши молу маҳсулоти ниёзи аввал дида намешавад, таҷрибаи болоравии асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки дар пайи он нархҳо низ гарон мешаванд.