Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 28-феврал қарори вижае имзо кард, ки барои хоҳишмандони шомил шудан ба легиони байналмилалии мудофеа ҳаққи бевиза ворид шудан ба ин кишварро фароҳам мекунад.
Режими бевиза барои ихтиёриён аз 1-уми марти соли 2022 дар ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мешавад. Дар шарҳ гуфта шудааст, ин тасмим ба “шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, хосторони шомил шудан ба легиони байналмилалии дифои Украина, вале ба истиснои шаҳрвандони кишвари таҷовузгар дахл дорад”.
Зеленский рӯзи 27-уми феврал дар бораи ташкили воҳиди нави низомӣ – легиони байналмилалии ҳимояти қаламрави Украина хабар дод, ки ба он шаҳрвандони хоиҷии омодаи муқовимат ба ишғолгарони рус дохил хоҳанд шуд.
Чанде баъд дар шӯрои амнияти миллии Украина гуфтанд, украиниҳои легиони хориҷии Фаронса метавонанд, барои ҳимоят аз ватани худ бираванд.
Анна Маляр, муовини вазири дифои Украина, рӯзи 28-уми феврал дар Фейсбук навишт, барои муқобила бо "режими Путин" аллакай чанд ҳазор хориҷӣ ариза додааст.