Дар ин бора қарори ҳукумат содир шуд, ки рӯзи 25-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд. Бо ризоияти парлумон, ба қонуни буҷаи кишвар барои соли 2022 ба ин мазмун тағйиру иловаҳо ворид шудааст.
Бинобар ин тағйирот дар қонуни будҷа, Оҷонсии захираҳои моддӣ 100 ҳазор тонна гандум, 40 ҳазор тонна шакар, 20 ҳазор тонна орд, 5 ҳазор тонна равғани растанӣ, 5 ҳазор тонна гӯшт, 30 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), 30 ҳазор тонна бензин, 20 ҳазор тонна карбамид ва 5 ҳазор тонна селитраро аз хориҷи кишвар бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва андозу аксиз ба кишвар ворид мекунад.
Мақомот мегӯянд, ба хотири мӯътадил нигоҳ доштани нархи молу маводи ниёзи аввал дар бозори дохилӣ ба ин оҷонсӣ чунин имтиёзи бузург доданд. Аммо инак бори дуввум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба оҷонсӣ чунин имтиёз медиҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 200 тонна гӯшт, 20 ҳазор тонна шакар. Ҳукумат гуфт, ки чӣ қадар маҳсулотро бе боҷу НДС меорандИн дар ҳолест, ки дар як соли охир нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври чашмрас боло рафта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Маълум нест, имтиёзе, ки ҳоло ба як идораи давлатӣ доданд, арзиши маҳсулотро то куҷо поин меорад ва ё ҳадди ақал дар як сатҳ нигоҳ медорад.
Соли гузашта чунин имтиёзҳои саховатмандонаи ҳукумати Тоҷикистон ба Онҷонсии захираҳои моддӣ нигаронии ширкатҳои воридкунадаи маводи сӯхтро ба бор оварда буд.
Соле қабл пас аз оне, ки ҳукумат ба оҷонсӣ дар пардохти боҷ имтиёз дод, роҳбарони 17 ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба онҳо низ ба монанди Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ дар пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз имтиёз бидиҳад. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, сабукиҳое, ки ҳукумат ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ дод, рақобатро дар бозор вайрон мекунад ва онҳо маҷбур мешаванд, фаъолияташонро қатъ кунанд. Ин ширкатҳо 80 дарсади бозори сӯзишвории Тоҷикистонро зери даст доранд.
Аммо ҳукумат ба ин ширкатҳо имтиёзе қоил нашуд, нархи маводи сӯхт, хусусан бензин бесобиқа боло рафт ва муштариён дар Тоҷикистон саҳми оҷонсиро, ки бидуни боҷ маводи сӯхт ворид карда буд, дар мӯътадил нигоҳ доштани нархҳо эҳсос карданд. Мақомот сабаби гарониро дар боло рафтани нархи маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ шарҳ доданд.
Шореҳи масоили иқтисодӣ Нур Сафаров дар шарҳи ин тасмим ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замони таъсис ёфтани ин оҷонӣ ин ҳолат такрор мешавад. Ӯ мегӯяд, “ҳаҷми молу маҳсулоте, ки ин оҷонсӣ тавассути буҷаи давлатӣ ваё аз роҳи ёриҳои башардӯстонаи кишварҳои хориҷӣ мехарад ё қабул мекунад, дар амал ба сиёсати нархгузорӣ дар дохили кишвар таъсире намерасонад ва дар бозор ҳам, ки дигар таъминкунандаҳои тиҷоратии айни ҳамин маҳсулот, ки дар ҳолати рақобат қарор доранд, нақши муҳиме намебозанд”. Ба ҳамин хотир, мегӯяд Нур Сафаров, “бисёр маҳсулоте, ки оҷонсӣ ба даст меорад, ба сохторҳои давлатӣ ба ҳайси кӯмаки иловагӣ тақсим карда мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, “онҳо дар бозорҳо ҳам нуқтаҳои фурӯш доранд, вале ин як ҳаҷми ночизи маҳсулот аст, ки дар дохили системаи давлатӣ тақсим мешавад”.
Дастандаркорони ин соҳа ҳам мегӯянд, манфиати амалии кори ин сохтор ба харидорон дар Тоҷикистон ночиз аст. Масалан, соли 2018, вақте қимати орд дар бозорҳои кишвар якбора 15 дарсад афзоиш ёфту ба буҷаи оилаҳои зиёд таъсир кард, Оҷонсӣ дар бораи интервенсия ё мудохилаи молӣ ба бозор хабар дод. Оҷонсӣ гуфт, як халта орди 50-килоӣ дар ҳаҷми 15 сомонӣ арзонтар аз нархи бозор фурӯхта мешавад. Вале ин “имтиёз” ҳам маҳдудият дошт: ба як даст на бештар аз ду халта орд фурӯхта мешуд. Сокинон мегӯянд, чунин имтиёзҳо якдафъаина ваё лаҳзаӣ ҳастанд ва наметавонанд дарозмуддат нигоҳ дошта шавад.
Тоҷикистон моҳе ба 600 ҳазор тонна гандум ва 200 ҳазор тонна орд ниёз дорад. Бахши калони ин маҳсулот аз хориҷа ва асосан аз Қазоқистон оварда мешавад. Омори расмӣ мегӯяд, дар соли 2021 нархи орди навъи аввал дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 8 дар сад афзоиш ёфт. Вале мавриди якбора дар моҳи сентябри соли 2021 то 24 дарсад афзудани нархи гандум бо сабаби дар кишвари истеҳсолкунандаи аслии он – Қазоқистон афзудани нарх, барои аксар сокинони кишвар такондиҳанда шуд. Мақомот инро бо афзоиши қариб ду баробари қимати сӯзишворӣ рабт доданд.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омор, рӯзи 20 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе аз афзоиши нархи тақрибан ҳама навъҳои ғизо дар соле, ки гузашт хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, "нархи сабзавот 23,8 дарсад, маҳсулоти гӯштӣ 15,1 дарсад, равған то 24 дарсад, орди навъи якум 8 дарсад ва шакар 4,4 дарсад афзуд."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Танқиди монополияҳо. Низоъ дар сулола ё эълони хостҳо?Мақомот нархро зери назорат гирифтанд, ҳангомаи хариди орд идома дорад.ВИДЕОБештару бенавотар: Иқтисоди Тоҷикистон афзоиши аҳолиро мебардорад?Ҳукумат ҷилави нархи бензин ва гази моеъро ба дасти худ мегирадОқибатҳои хариди зиёд ва фурӯши кам барои иқтисоди ТоҷикистонБудҷаи хонаводаҳо аз ҷаҳиши нархи орд боз зарба хӯрд. ВИДЕОФароз: "Ҷонибдори болоравии нархи газ дар Тоҷикистон нестем"Порлумон баъзе маҳсулоти воридотӣ ба Душанберо аз НДС озод кард15,1 дарсад, равған то 24 дарсад, орди навъи якум 8 дарсад ва шакар 4,4 дарсад афзуд."