Мақомоти Русия: Шумори парвозҳо ба Тоҷикистон бештар мешавад. Нархи билет поин мешавад?

Таблои парвозҳо аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар рӯзи 9 августи соли 2021

Ситоди изтирории пешгирӣ аз коронавирус дар Русия эълон кард, ки шурӯъ аз 14 март шумори парвозҳо ба 16 кишвар афзоиш меёбад ва Тоҷикистон ҳам яке аз ин самтҳо будааст.

Қарор дар ҳоле қабул мешавад, ки бо сабаби ҳуҷуми низомии Русия ба Украина чандин фурудгоҳи шаҳру минтақаҳои наздик ба сарҳади Украина пурра баста шудаанд ва бархе масъулон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин ҳолат метавонад то 2 март идома мекунад. Аз сӯи дигар, барои бисёриҳо дар Тоҷикистон ин пурсиш ҳамоно муҳим боқӣ мемонад, ки то куҷо афзоиши шумори парвозҳо ба кам шудани нархи билетҳо, ки манбаи даромади гурӯҳҳои рӯ ба ҳукуманд, мусоидат мекунад?

То чор парвоз дар ҳафта

Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, бар асоси қарори ситоди зидди коронавирус рӯзи 25-уми феврал, шумори парвозҳои ҳафтаӣ аз Маскав ба Хуҷанд ва аз Жуковский ба Душанбе ва аз Жуковский ба Хуҷанд то чор бор дар як ҳафта афзоиш меёбанд. Ҳоло шумори парвозҳо аз Маскав ба Хуҷанд ду дафъа дар ҳафта сурат мегирад.

Дар миёни кишварҳои дигаре, ки ба онҳо парвоз аз Русия афзоиш меёбад, ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии мисли Озарбойҷону Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ёд мешаванд. Масалан, парвозҳо аз Маскав ба Алмаатову Нурсултон ҳафтае аз 7 ба 10 карат, аз Жуковский ба Бишкеку Ӯш аз як то се дафъа дар ҳафта зиёд хоҳанд шуд.

Шумори парвозҳо аз Маскав ба Тошканд аз чор ба ҳафт бор дар ҳафта, ба Бухорову Самарқанд, Ургенчу Намангон, Фарғонаву Андиҷон ва Тирмиз то ду парвоз дар ҳафта зиёд мешаванд.

Нархҳои «осмонӣ»

Маҳдудият дар парвозҳо ба самти Русия аз ҷониби Ситоди ин кишвар оид ба мубориза бо коронавирус соли 2020 ҷорӣ шуд ва баъди як миқдор сабук кардани қоидаҳо баҳори соли 2021, ҳанӯз дар ҳолати маҳдуд ва нокофӣ боқӣ монд. Мақомот ин тадбирро ҳамчун чораи муҳим ба хотири пешгирӣ аз интиқоли коронавирус ба Русия ҳимоят карданд, вале барои бисёр мусофирон мушкилоти хеле ҷиддӣ ҷорӣ шуд, аз ҷумла, барои садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барояшон Русия макони аслии кору даромад шудааст.

Баъди азсаргирии шумори маҳдуди парвозҳо ба самти Русия дар Тоҷикистон мушкили дигаре пеш омад, ки ба афзоиши бесобиқаи нархҳои билетҳои парвоз рабт гирифт. Афзоиши нархи билетҳо дар бархе ҳолатҳо то се-чор баробар аз нархи пешинаш мавриди норизоиятҳои зиёди мусофирон гардид ва таҳқиқоти журналистии Радиои Озодӣ маълум кард, ки сабаби асосии боло будани нархи билетҳои парвоз дар монополияи ин соҳа аз ҷониби афроди наздик ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон будааст.

Ширкати билетфурӯшӣ: Рӯзона беш аз 20 парвоз анҷом мешавад

Як масъули ширкати билетфурӯшӣ дар Душанбе, ки худро Нодира муаррифӣ кард, рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло вазъияти марбут ба парвоз ба Русия «хеле беҳтар назар ба давраҳои пандемия аст» ва, ба гуфтааш, ҳафтае аз Тоҷикистон на камтар аз 20 ҳавопаймо ба шаҳру манотиқи ин кишвар мераванд. «Вале бо сабаби шурӯи ҷанг дар Украина парвозҳо ба самти баъзе шаҳрҳои наздик ба сарҳади Украина, масалан Воронеж ва Краснодар бо сабаби баста шудани фурудгоҳҳо, боздошта шудаанд. Вале мусофирон метавонанд ба шаҳрҳои дигари Русия парвоз кунанд», гуфт Нодира. Ӯ гуфт, ки аз Тоҷикистон ба самти Русия ширкатҳои «Сибирские авиалинии», «Уральские авиалинии», «Ямал», «Северный ветер», «Ютейр» ва ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» парвозҳо анҷом медиҳанд.

Ба иттилои ин масъули ширкати билетфурӯшӣ, арзиши билетҳои парвоз ба як самти Русия аз 3700 сомонӣ шурӯъ мешавад ва билетҳои Маскав аз 5 ҳазор сомонӣ боло ҳастанд. Нодира мегӯяд, ҳарчанд ин нархҳо бо баҳори соли 2021, вақте маҳдудияти парвоз тадриҷан сабутар шуд, қобили қиёс нест, вале боз ҳам бисёр муштариҳояшон аз баландии нархҳо шикоят мекунанд.

«Он замон, ростӣ, як вазъити хеле нохуб буд. Билет кам, нархҳо баланд шуд. Ба Маскав нархи билет то 1500 доллар баромад», гуфт Нодира. Вале бо вуҷуди гӯё оддӣ шудани вазъ, нархи билетҳое, ки дар Тоҷикистон ҷорӣ шудаанд, ҳамоно баланд мебошанд ва бо кишварҳои ҳамсоя ғайриқобили муқоиса ҳастанд. «Ҳоло, масалан, бисёриҳо бо сабаби нархи баланд Тошкандро чун шаҳри транзитии парвоз ба Русия интихоб кардаанд. Онҳо аз ин ҷо бо мошин то пойтахти Узбекистон мерасанд ва танҳо 200 доллар дода ба ҳар ҷои Русия мераванд», шарҳ дод ӯ.

Ба қавли коршиносони соҳа, омили мавсимӣ будани тағйироти нархи билет ҳам вуҷуд дорад. Оғози солу баҳор, ки мавсими ҳаракати шаҳрвандон ба Русия дониста мешавад, нархҳо аз Тоҷикистон ба Русия то чор-панҷ баробар гаронтар назар ба билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон аст ва тирамоҳ, вақти бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватан, ҳолати баръакс мушоҳида мешавад. «Агар ҳозир «ба Маскав меравам» гӯед, нархи билет 5000 сомонӣ мешавад, вале аз Маскав бо 1050 сомонӣ ба Душанбе мерасед. Фарқаш қариб 5 баробар мешавад», гуфт Нодира.

Вале то куҷо қарори Русия оид ба афзоиши шумори парвозҳо ба самти Тоҷикистон ба сиёсати нархгузорӣ таъсир расонида, нархи билетҳо кам мешавад, суоли асосӣ боқӣ мемонад. Солҳост мақомоти тоҷикро барои монополия кардани соҳаи билетфурӯшӣ аз ҷониби гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат интиқод мекунанд, чун инро зарба ба ҷараёни кори бозори озод ва «даст задан» ба кисаи шаҳрвандон меноманд, ки дар шароити бекорӣ маҷбур мешаванд рӯ ба Русия оваранд.