Шикоятҳо аз ришваситонӣ дар марз

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд, ки аз мусофирон ҳангоми гузаштан аз марз ришва хостааст.

Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд, ки аз мусофирон ҳангоми гузаштани онҳо аз марз ришва хостааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ба иллати баста будани марзҳо зимни эҳтиёт аз бемории ҳамагир назорат дар гузаргоҳҳо сахт буд ва чандин мусофир ба Радиои Озодӣ аз пулситонӣ дар марз шикоят карданд. Дар пайи нашри гузоришҳо чандин сарҳадбон дар гузаргоҳи Фотеҳободи ҳаммарз бо Узбекистон аз мақомашон сабукдуш гардида буданд. Ҳоло ҳамагӣ аз як ҳолат хабар дода мешавад.