Рӯзи 24-уми феврал, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, қурби рубли русӣ дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, якбора поин омад.
Дар чанде аз бонкҳои Тоҷикистон (Эсхата ва Амонатбонк) рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки 1000 рубли русӣ ба 128 сомонӣ баробар шудааст. Дар чанд бонки дигар онро то 120 сомонӣ фаровардаанд.
Дар ҳоле ки як рӯз пеш 1000 рублро ба 141 сомонӣ иваз мекарданд. Дар оғози ҳафта ин рақам ба 149 сомонӣ баробар буд.
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон поин рафтани қурби рубли русиро дар кишвар тасдиқ ё рад накардаанд. Дар сомонаи расмии Бонки Миллӣ ҳанӯз ҳазор рубл ба 141 сомонӣ баробар аст.
Сокинон дар Тоҷикистон поин ва болоравии қурби рубли русиро ҷиддӣ мегиранд. Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд.