Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дар Украина дархост кардааст, то талаботи мақомоти ин кишварро дар шароити ҷангӣ “қатъиян риоя намоянд.”
Субҳи 24-уми феврал нерӯҳои Русия бо фармони президент Владимир Путин ба Украина ҳамла карданд. Бо фармони раисиҷумҳур Владимир Зеленский дар тамоми қаламрави Украина вазъияти ҷангӣ эълон шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳамлаи Русия ба Украина. Киев "вазъияти ҷангӣ" эълон кардДар баёнияи Вазорати корҳои хориҷӣ, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, омадааст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина “дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.”
ВКХ ҳамчунин гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд, дар сурати пайдо шудани ягон мушкил ба сафорати Тоҷикистон дар Киев аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.
Субҳи барвақти 24-уми феврал Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, эълон кард, ки ба “амалиёти махсуси ҷангӣ” дар Украина оғоз мекунад, ки нигарониро аз оғози ҷанги васеъ дар Аврупо барангехт. Бо баланд шудани садои таркиши мушакҳои Русия дар чанде аз шаҳрҳои Украина раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар кишвараш вазъи ҷангӣ эълон кард.
Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.