Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш бастаи аввалини таҳримҳоро ба зидди Русия ҷорӣ мекунад. Аз ҷумла, ду бонки Русия аз ҳаққи муомилот маҳрум мешаванд ва Русия дигар аз муассисаҳои молии ғарбӣ қарз гирифта наметавонад.
Байден рӯзи 22-юми феврал ҳангоми суханронӣ гуфт, Русия қонунҳои байнулмилалиро зери по кардааст ва ҳеч кас “гӯли гуфтаҳои Владимир Путинол дар бораи Украина нахоҳад хӯрд.”
Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, дар сурати идомаи таҷовуз, кишвараш ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Як мақоми амрикоӣ гуфтааст, аз ду бонки таҳримшуда, яке аз онҳо “Промсвязбанк” – бонки нерӯҳои мусаллаҳ ва дигаре “Внешэкономбанк” – бонки давлатии кишвар аст.
Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, агар Русия таҷовуз ба хоки Украинаро идома диҳад, Амрико омода аст, ба зидди муассисаҳои азими молии дигар ба мисли “Сбербанк” ва “ВТБ” таҳрим ҷорӣ кунад.