Навори муноқишаи ду пулис бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сархати расонаҳои он кишвар қарор гирифт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баҳси зиёд ба по кард.
Дар пайи ин ҳодиса, ки рӯзи 17-уми феврал дар истгоҳи метрои "Тулская"-и Маскав рӯй додааст, ду муҳоҷири тоҷик барои саркашӣ аз амри пулис ва ҳамла ба онҳо боздошт шуданд.
Аз онҳо Саидакрам Ҳамроеви 22-сола ва Умар Расулҷонзодаи 18-сола ном бурда мешавад. Ҳарду бародар будаанд. Муноқиша баъди он сар задааст, ки пулис мехост, яке аз онҳоро барои тафтиш ба шуъба барад.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба муҳоҷирон то 5 сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоии марде нашр шуд, ки худро Расулҷон Ҳамроев, падари ин ду муҳоҷири тоҷик, муаррифӣ кардааст. Вай дар навор аз мардум барои ҳимоя аз ҳуқуқи фарзандонаш ва озодии онҳо ёрӣ мепурсад. Ҳамроев мегӯяд, аз амали писаронаш розӣ нест, аммо таъкид мекунад, ки онҳо ҳанӯз 18 ва 21 сол доранд ва ба далели ноогоҳӣ аз қонуну қоидаҳо ба чунин кор даст задаанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса ва чанд қазияи пурсарусадои дигар кору зиндагии онҳо дар баъзе минтақаҳои Русия сахттар шудааст. Онҳо аз афзоиши рейду боздошт хабар медиҳанд.