Байден: ИМА мутмаин аст, ки Путин қарори ҳамла ба Украинаро қабул кардааст

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки «мутмаин аст» президенти Русия Владимир Путин қарори дар ҳафтаҳои наздик ҳуҷум кардан ба Украинаро қабул кардааст, вале умедвор аст, ки кор аз роҳи дипломатӣ ҳал мешавад. Байден, ки рӯзи 18 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед сӯҳбат мекард, гуфт, ки «То ҳамин лаҳза, бовар дорам, ки ӯ қарори худро қабул кардааст», то ба Украина ҳамла кунад. Байден гуфт, 24-уми феврал котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар Аврупо бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дидору гуфтугӯ мекунад ва ин талоши дигаре барои пайдо кардани роҳҳале ба хотири роҳ надодан ба ҷанг хоҳад буд. Байден гуфт, «агар Русия пеш аз ин сана кадом амалиёти низомӣ кунад, маълум мешавад, ки онҳо дари музокироти дипломатиро бастаанд. Онҳо ҷангро интихоб кардаанд ва онҳо баҳои ин корро пардохт мекунанд». Русия то ҳол батакрор гуфтааст, ки нияти ҳамла ба Украинаро надорад ва ИМА-ро дар воҳимаву ҳаяҷон муттаҳам кард. Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки ба назар мерасад вазъ дар шарқи Украина, ки макони низои миёни артиши Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Маскав мебошад, бадтар мешавад.