Дафтари Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар Умури Паноҳандагон дар Тоҷикистон барои омодагӣ ба эҳтимоли вуруди муҳоҷирони афғон ба кишвар 20 тонна кумаки башарӣ гирифтааст.
Намояндагии созмон рӯзи 18-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, кӯмакҳои башарӣ иборат аз 104 сарпаноҳи муваққатӣ барои паноҳҷӯён, рахти хобу васоили пухту пазо ва дигар маводи зарурӣ барои зиндагӣ иборат аст. Кумаки мазкурро Иттиҳодияи Аврупо ва ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Мулугета Зевдие, мудири намояндагии Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар Умури Паноҳандагон дар Тоҷикистон гуфтааст: “Дар Тоҷикистон муассисаҳои имдодӣ бо ҳамоҳангии созмон ба ҳукумат кумак мекунад, омодагии фаврӣ ва вокунишашро беҳтар кунад.”
Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки бештар аз 10 ҳазор нафар паноҳҷӯи афғон ба кишвар ворид шудаанд, вале аксарияти онҳоро бозпас фиристоданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз эҳтимоли вуруди паноҳҷӯён дар баҳори имсол ҳамчунон нигарон ҳастанд ва имконоту тавони мизбонии ҳазорон паноҳҷӯро дар хоки кишвар надоранд.