Лукашенко нагуфт, ки нерӯҳои Русия мераванд ё не

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, гуфт, рӯзи 18-уми феврал бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, "фаъолияти минбаъда"-ро баррасӣ хоҳанд кард. Ду кишвар тамрини муштараки низомӣ баргузор мекунанд.

Лукашенко, ки 17-уми феврал дар ҷараёни тамринҳои муштарак суханронӣ мекард, нагуфт, ки нерӯҳои Русия пас аз анҷоми машқҳо аз ин кишвар берун мешаванд ё не. Аммо таъкид кард, ки "зарурати таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Беларус вуҷуд надорад."

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 17-уми феврал дар Маскав гуфт, ҳамон тавр, ки пештар ба нақша гирифта буданд, тамрин 20-уми феврал ба поён мерасад. Вай ҳам дар бораи он ки оё нерӯҳои Русия фавран Беларусро тарк хоҳанд кард ё не, шарҳе надод.

Вазири корҳои хориҷии Беларус рӯзи 16-уми феврал гуфта буд, ки нерӯҳои Русия пас аз анҷоми тамринҳо пурра аз Беларус берун мешаванд.

Дар ҳоле ки Беларус бо кишварҳои шарқии НАТО ва Украина ҳаммарз аст, тамрини ҳарбӣ бо ҳузури тақрибан 30 ҳазор сарбози Русия Ғарбро аз эҳтимоли ҳамлаи Маскав ба Украина нигарон кардааст. Бино ба ҳисоби идораи истихборотии Амрико, тақрибан 130 ҳазор сарбоз ва техникаи низомӣ дар наздикии марз бо Украина ҷамъ шудаанд.