Табибон гуфтанд, ки Аловиддин Абдуллоев аз чӣ даргузашт. ВИДЕО

Аловиддин Абдуллоев. Акси даврони ҷавонии ҳунарманд аз бойгонӣ

Пизишкон мегӯянд, Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманду ҳаҷвнигори шинохтаи Тоҷикистон, аз "сактаи қалбӣ" даргузаштааст. Ӯ 17-уми феврал дар хонааш дар шаҳри Бохтар даргузашт ва бегоҳи ҳамин рӯз дафн карда шуд.

Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Аловиддин Абдуллоев чанд соли охир аз бемории дил ранҷ мебурд.

"Ду нафар аз наздикони ҳунарманд табиб буданд ва Аловиддин Абдуллоев зери назорати онҳо буд. Ҳамеша дору мехӯрд. Субҳи имрӯз якбора сактаи қалбӣ шуд ва даргузашт," -- гуфтанд дар идораи тандурустии вилояти Хатлон.

Пештар баъзе аз ҳамкасбони Аловиддин Абдуллоев гуфта буданд, ҳунарманди шинохта аз фишорбаландӣ ҳам ранҷ мебурд.

Аловиддин Абдуллоев зодаи шаҳри Бохтар ва хатмкардаи Донишкадаи фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода буд ва солҳо дар театри шаҳри Бохтар кор мекард. Ҳамзамон сардори раиси идораи фарҳанги Хатлон буд.

Театри зери раҳбарии ӯ вижагиҳои худро дошт ва номи "театри як ҳунарманд" маъруф аст. Худи ӯ саҳнаҳои шӯху ҳазлиеро ба тамошо мегузошт, ки иҷрои чанд қаҳрамонро танҳо худаш ба уҳда дошт.