Дар Тоҷикистон чанд мавриди дуздии асарҳои илмиро ошкор кардаанд.
Масъулони Комиссияи олии атестатсионии Тоҷикистон гуфтанд, ин кор тавассути барномаи “антиплагиат”, ки бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ роҳандозӣ шудааст, имконпазир шуд.
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ ин амалро «мушкили доғ ва барои илм нанговар» хонда, гуфтааст, натиҷаи санҷиши рисолаҳои илмии олимони тоҷик “баҳсу норозигиҳои зиёдеро” ба миён овард.
Санҷиш тавассути барномаи “Антиплагиат” муайян кардааст, ки матни аслии баъзе аз рисолаҳои олимони тоҷик 3 то 5 ё 7 дарсадро ташкил дода, қисмати боқимондаи асар рӯйбардор шудаанд.
Розиқзода гуфтааст, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар мавриди дуздида шудани асарҳояшон шикоят кардаанд. “Ин ба обрӯ ва имиҷи давлату миллат метавонанд зарба занад», -- таъкид кардааст ӯ.
Санҷиши диссертатсия ё рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон баъди он ҷиддӣ гирифта шуд, ки "Диссернет" – як пойгоҳи хусусӣ дар Русия – рисолаҳои баъзе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дод.
«Диссернет» даҳҳо номзад ва доктори илм аз Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти баландпояро ба асардуздӣ ё плагиат муттаҳам кард. Мақомоти тоҷик санҷишҳои «Диссернет»-ро «фармоишӣ» донистанд, вале баъди он дар фикри истифода аз барномаи “Антиплагиат” шуданд.
"Антиплагиат" барномаест, ки дар худ корҳои илмии ҳимояшудаи олимони кишварҳои пасошӯравиро захира кардааст ва нишон медиҳад, ки ҷумлаҳои рӯйнависи матн аз кадом сарчашма истифода шудааст.