Додгоҳи Мастчоҳ як касро бо гуноҳи ҳамла ва захмӣ кардани раиси идораи барқи ноҳия ба 8,5 сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳодиса моҳи октябри соли 2021 рӯй дода буд.
Рӯзи 16-уми феврал дар Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ҳукм ҳафтаи гузашта баромад”.
Мақомот номи шахси ҳамлавар ба Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳро фош намекунанд. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, “ӯ корманди собиқи идораи барқ буда”, додгоҳ вайро “ба сӯиқасд ба куштор гунаҳкор донист”.
Вакили мудофеи фарди маҳкумшуда аз ҳукм норозигӣ карда, аз рӯйи он шикоят бурдааст.
Манобеи Радиои Озодӣ моҳи октябри соли гузашта хабар дода буданд, ки як нафар ба Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ, дар утоқи кориаш ҳамла карда, бо корд ба қафаси синааш задааст. Гуфта мешуд, ҳамлавар нозири барқ буда, Рустам Тӯйчиев дар пайи шикояти сокинон ӯро аз кор рондааст.
Тӯйчиев баъди ин ҳодиса як муддат дар беморхона бистарӣ буд.