Кумитаи давлатии боҷхонаи Узбекистон хабар дод, ки аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия пешгирӣ кардааст.
Дар хабарномаи идораи гумруки Узбекистон, ки 15-уми феврал нашр шуд, омадааст, нақлиёти боркаше аз Тоҷикистон ба самти Русия равон буд ва дар гузаргоҳи “Ойбек” масъулини гумрук онро барои тафтиш нигоҳ доштанд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз дохили мошини боркаш 229 кило маводи мухаддир ёфтаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Дақиқ нест, ки мошини боркаш чӣ гуна бо миқдори бузурги маводи мухаддир аз гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон гузашта, ба “Ойбек” расидааст.
Бори аввал нест, ки идораи гумруки Узбекистон аз дохили нақлиёте, ки аз Тоҷикистон мераванд, маводи мухаддир пайдо мекунад. Моҳи ноябри сои гузашта ҳам, гумрукчиёни узбек аз дохили як мошини Тоҷикистон 156 кило маводи мухаддир пайдо карда буданд.