Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони "Пешниҳоди пора" ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар боздошт кардаанд.
Хадамоти КДАМ-и Қирғизистон аз боздоштшуда Ч. М- и 28-сола ва сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ном бурдааст. Ин ҳодиса рӯзи 9-уми феврал рух додааст ва мақомоти тоҷик ҳанӯз ба он вокуниш накардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ин ҷавони тоҷик аз соли 2019 бе иҷозаи расмии кор дар Қирғизистон будааст, вале ҳангоми боздошт ӯ ба кормандони КДАМ пора пешниҳод кардааст.
Нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “Пешниҳоди пора” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин банди қонун ҷарима ё то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин ҷавони тоҷик, ки дар маркази савдои “Мега центр” кор мекардааст, ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Пас аз муноқишаи хунини охири моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар муносибати Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароид. Ду кишвар шаҳрвандони ҳамдигарро бо иттиҳоми гуногун боздошт мекунанд. Коршиносон ин маъракаро сиёсӣ ва ғаразомез медонанд.