Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи 13-уми феврал дигарбора президенти Олмон интихоб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз вай аксари аъзои Маҷлиси федералӣ раъй доданд, ки президенти Олмонро ҳамин Маҷлис интихоб мекунад.
Вакилони порлумон ва раисони заминҳои федеролӣ узви Маҷлис ҳастанд.
Аз номзадии Штайнмайери сотсиал-демократ аз 1425 вакил 1045 кас ҷонибдорӣ кард. Штайнмайери 68-сола дар гузашта вазири корҳои хориҷии Олмон, ноиб-садри аъзам низ буд. Вай дар соли 2017 президенти Олмон интихоб шуд. Президенти Олмон салоҳияти зиёд надорад ва ин мақом як мансаби ифтихорӣ аст.
Штайнмайер дар суханронии баъд аз интихоб шуданаш дар мавзуҳои аҳамияти ҳифзи демократия ва хатари ҷанг ба Аврупо суҳбат кард. Вай масъулияти афзоиши танишро ба души Русия гузошт, ки нисбати Украина рафтори хашинона ба намоиш мегузорад. Президенти Олмон пешниҳод кард, дар якҷоягӣ роҳҳои берун шудан аз ин буҳрон ҷуста шавад.