Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, мегӯяд, Русия ба ҷобаҷо кардани нерӯҳояш дар наздикии марз бо Украина идома медиҳад ва метавонад, ҳар вақт, аз ҷумла дар ҷараёни Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар Пекин, ба ҳамла оғоз кунад.
Ӯ гуфт, Вашингтон ба берун бурдани кормандони сафорати худ дар Киев идома медиҳад ва Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида бори дигар даъват кард, ки билофосила Украинаро тарк кунанд.
"Мо ҳамчунон шоҳиди ворид шудани нерӯҳои нав ба марзи Украина ҳастем. Ҳамон тавре, ки қаблан гуфтаем, дар вазъе қарор дорем, ки ҳамла метавонад ҳар вақт оғоз шавад. Рӯшантар бигӯям, аз он ҷумла дар вақти Бозиҳои олимпӣ," -- гуфт ӯ рӯзи 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар пойтахти Австралия.
Бозиҳои олимпии зимистона то 20-уми феврал дар Пекин идома мекунанд ва кишварҳо ба таври анъанавӣ, ҳарчанд на ҳамеша, оташбас ё қатъи ҳар гуна ҷангу хушунатҳоро дар ҷараёни бозиҳо риоя мекунанд.
Русия, ки беш аз 100 ҳазор нерӯи худро дар наздикиҳои марз бо Украина ҷобаҷо кардааст, иттиҳоми Ғарбро дар мавриди қасди ҳамла ба ин ҳамсояи худ рад мекунад. Вале айни замон тамрини низомиро дар Беларус бо ширкати 30 ҳазор сарбоз оғоз кардааст.