Сафорати ИМА дар Қирғизистон хабар додааст, ки Оҷонси Амрико оид ба рушди байнулмилалӣ ё USAID дар Осиёи Марказӣ барномаи наверо роҳандозӣ кард.
Ба огаҳии сафорат, барномаи навбатии панҷсолаи созмон бо буҷаи 19 миллион доллар ба беҳсозии ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон равона шудааст.
Дар доираи барнома ҳамоҳангсозии расмиёти назорати гумрукиву марзӣ, тавсеаи хадамоти содиротӣ ва боздиди ширкатҳои хориҷӣ дар назар буда, он дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои иқтисод, иртиботот, хадамоти давлатии гумрук ва палатаи саноат-савдо иҷро мешавад.
Оҷонси Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шаст сол пеш рӯзи 3-юми ноябри соли 1961 аз ҷониби президент Ҷон Кеннеди таъсис шуд. Ин ташкилот дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими демократия ва рушди арсаҳои беҳдошт, маориф ва иқтисод бо шарикони худ дар тарҳҳои башардӯстона, якҷоя кор мекунад. USAID аз соли 1992 ба ин тараф дар Тоҷикистон фаъолият дорад.