Манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ хабар доданд, ки мақомот барои таслим шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохта дар минтақа ва шаш сокини дигари ВМКБ як ҳафта муҳлат додааст.
Мақомот онҳоро дар ҷиноятҳои мухталиф муттаҳам медонанд, вале онҳо даст доштан дар ҷиноятро рад мекунанд.
Сокинон мегӯянд, рӯзи гузашта низомиён талоши ҷойгир шудан дар маҳаллаи Дашти Болои Хоруғ, наздик ба маҳали зисти Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро карданд, вале мардум монеъ шуданд. Ҳамчунин чанд сокини шаҳри Хоруғ гуфтанд, ки шаб мардуми зиёде дар кучаҳо навбатдорӣ карданд, то аз амалиёти эҳтимолии мақомот ҷилавгирӣ кунанд.
Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 6-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазъро берун аз воқеият тасвир мекунанд. “Хабари тақвияти нерӯҳо дар Хоруғ дурӯғ аст. Сокинон ҳам шабона ба кӯчаҳо набаромадаанд. Вазъият ором аст ва мардум пайи зиндагии худ ҳастанд. Як гурӯҳе дар хориҷа нишаста, ҳар чиз мебофанд, шӯр меандозанд, ки ҳақиқат надоранд. Инҷо ҳамкории мардум бо ҳукумат хубтар шудааст”,--гуфт ӯ.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи 6-уми феврал дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “хеле банд аст ва ҳоло имкони суҳбат надорад”.
Як тан аз наздикони Маҳмадбоқиров бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки рӯзи 5-уми феврал халифаҳо (рӯҳониёни маҳалаҳои Хоруғ) бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода суҳбат кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки талоши ҳалли мушкилот аз тариқ зур имкони бадтар кардани вазъро ба миён меорад.
Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки, як созмони ҳимоя аз ҳуқуқи инсон, дар саҳифаи Твитераш аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз хушунат дар Хоруғ ҷилавгирӣ кунад.
Ӯ навиштааст, ки “аз Хоруғ хабарҳои нигаронкунанда мерасанд. Мақомоти Тоҷикистон бояд аз хунрезӣ ва доғ кардани вазъ тарканда ҷилавгирӣ кунанд.”
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба он муттаҳам мешавад, ки ба гуфтаи мақомот, Лутфулло Наврӯзов, сардори Идораи маорифи ВМКБ-ро латукӯб кардааст. Мақомот рӯзи 2-уми феврал эълон карданд, ки нисбат ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Худи Маҳмадбоқиров гуфт, ки воқеан бо Наврӯзов суҳбат кардааст, вале ӯро назадааст.
Шаш нафари дигаре, ки дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров талаби таслим шуданашонро кардаанд, ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли гузашта ба қонуншиканӣ даст задаанд.
Он вақт сокинон, пас аз кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар ҷараёни амалиёти мақомоти интизомӣ, дар Хоруғ даст ба эътироз зада буданд. Сокинон талаб карданд, ки омилони марги Гулбуддин муҷозот шаванд. Мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро доданд ва гуфтанд, ки дастраси ба интернет, ки дар рӯзҳои эътироз қатъ шуда буд, дубора барқарор мекунанд. Сокинон мегӯянд, мақомот ваъдаашонро иҷро накардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ба зидди Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров парванда кушодаанд. Ӯ "туҳмат" хонд"Амриддин Аловатшоев дар Тоҷикистон аст." Додситон: Истирдод шуд. ВКД: Бо хоҳиши худ баргашт. ВИДЕО"Худаш баргашт". ВКД-и Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Аловатшоевро шарҳ дод"Ҷасади писарамро аз гӯр баровардед, баъд чӣ шуд?" Пурсишу посухи модари Гулбиддин бо раиси ВМБКАз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, интернетро ба Бадахшон баргардонадОқохон ҳодисаҳои Бадахшонро "бисёр ташвишовар" хонд