Дамирбек Олимов, овозхони 33-солаи тоҷик, ки бо таронаи "Дунё" машҳур буд, дар садамае дар наздикии шаҳри Хуҷанд ҷон бохтааст.
Парвизбек Муродов, мудири ширкати "ҶМ" ва ҳамзамон продюсери Дамирбек Олимов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ марги ӯро тасдиқ кард. Муродов гуфт, ҳодиса шаби 5-уми феврал рӯй дода, ҷасади ӯро аз сардхона ба зодгоҳаш, ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) бурдаанд.
"Мошинаш дар гардиши Боғи Миллӣ чаппа шудааст. Дамирбек Олимов дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, ду навозанда маҷруҳ шудаанд," – хабар дод ӯ.
Акбар Шарифов сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфт, ки ҳодиса соати 1:40 рӯй додааст. "Ронандаи "Honda" аз идораи мошин набаромадааст. Дар натиҷа, мошин аз роҳ баромада, чаппа шудааст," -- афзуд ӯ.
Ба иттилои дарёфтӣ, навозандаҳо Суҳроб Бердиеви 26-сола ва Муқимҷон Юсуфови 28-сола дар бемористон буда, вазъияти аввалӣ "нисбатан вазнин" гуфта мешавад.
Дамирбек Олимов ба ҷуз аз таронаҳои муосир, шашмақом низ мехонд ва узви гуруҳи шашмақомхонҳои "Нури Хуҷанд" буд. Ӯ бо таронаҳои якҷояаш (Мавригӣ) бо овозхон Нигина Амонқулова ба саҳнаҳои калон роҳ ёфт. Чанде пеш ҷоизаи "Тарона", тарҳи мусиқии "Азия-Плюс"-ро соҳиб шуда буд.
Вай зодаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ва фарзанди Ботурбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар минтақа аст. Дамирбек Олимов аз худ се фарзанду даҳҳо суруд гузошт. Охиринаш "Бачагӣ" буд, ки бар матни шоири шинохта, Толиб Озарахш, омода шудааст.
Яке аз суҳбатҳои Дамирбек Олимов бо Радиои Озодӣ. Аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хотираҳояш аз соли 2021 ҳам инҷост:
Ҳар сол дар қаламрави Тоҷикистон садҳо садамаи нақлиётиро сабт мекунанд. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, иддае маҷруҳу маъюб мешаванд. Дар як садамаи пурсарусадо дар моҳи августи соли 2020 овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида буд.