Байден: Бо кушта шудани раҳбари ДОИШ "таҳдиди бузург" дур шуд

Президент Байден ва муовинаш Камола Ҳаррис бо аъзои тими амнияти миллӣ

Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, бо кушта шудани Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, раҳбари гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар Сурия, "таҳдиди бузурги террористӣ" аз байн рафт.

Байден рӯзи 3-юми феврал дар Кохи Сафед гуфт, ал-Қурайшӣ, ҳангоме ки нерӯҳои амрикоӣ ба ӯ наздик шуданд, худашро тарконд.

"Мо муроқиб ва омода мемонем. Амалиёти дишаб як раҳбари бузурги террористиро аз майдони набард берун кард. Ин як паёми қавӣ ба террористон дар саросари ҷаҳон аст, ки мо аз паятон меоем ва Шуморо пайдо мекунем," -- афзуд Ҷо Байден.

Пеш аз ин, Ҷон Кирбӣ, сухангӯйи Вазорати дифои Амрико, гуфт, дар шимоли ғарби Сурия "амалиёти зиддитеррористӣ" анҷом шуд. Ба қавли ӯ, маъмурият "муваффақона" буд ва дар он ба нерӯҳои амрикоӣ осебе нарасид.

Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ дар соли 2019, чанд рӯз пас аз кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, раҳбари пешини ДОИШ, ҷойгузини ӯ интихоб шуда буд. Бағдодӣ дар он замон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида бо маводи тарканда худро мунфаҷир кард.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ гузориш дод, ки Қурайшӣ ҳангоме ки худро тарконд, аъзои хонаводааш ҳам ҷон бохтанд.