Раиси Суғд: Кори Кумисюни таъини марз 7 феврал оғоз мешавад. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наворро дар инҷо бинед

Раиси вилояти Суғд гуфт, Кумисюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъини хатти марз рӯзи 7-уми феврал дигарбора ба кор оғоз хоҳад кард.

Ин Кумисюн соли гузашта, пас аз муноқишаи моҳи апрел-май 8 дафъа гуфтушунид карда, ба қавли мақомоти Тоҷикистон, 81 километр хатти сарҳадро муайян кардааст.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, 29-уми январ, дар поёни дидораш бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов, гуфта буд, бояд кори ҳайати байнидавлатии таъин ва нишонагузории марз барқарор гардад. Ба қавли ӯ, кори ин ҳайат ду моҳ пеш бас шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 4-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон дар доираи қонунҳои амалкунанда ва бо роҳи дипломатӣ баррасӣ мекунад."

Ӯ афзуд: "Дар вохуриҳо, мо бо раиси вилояти Бодканд ва ҳамроҳи сохторҳои қудратии кишварҳо иштирок мекунем. Инчунин, ба сифати намояндагӣ аз ҷониби аҳолӣ раисони ҷамоат вохӯрӣ мегузаронанд. Мо фикру андешаҳои мардумро ҳам мегирем ва корбарӣ карда истодаем."

Тибқи иттилои дарёфтӣ ва ба гуфтаи бархе аъзои Кумисюн, Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои соли 1989 такя доранд ва сустии корро бештар ба он пайванд медиҳанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд гуфт, “дар шаҳри Исфара, бахусус ҷамоати Чоркӯҳу Ворух ва деҳаҳои Хоҷаи Аълову Сомониён, хонаҳо паҳлӯ ба паҳлӯ ҷойгир шудаанд. Инро чӣ хел ҷудо кардан мумкин аст? Ин, албатта, кори комиссия аст, ки ҳар якеро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ҳал мекунанд.”

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барои бештар аз 400 километр марзи таъйинношуда аст. Ду тараф дар муддати сӣ сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.