Генерали тоҷик будани "сарбозшикор"-ро эътироф кард. ВИДЕО

Ҷамшед Гулмаҳмадзода, сардори Оҷонси зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб

Генерал Ҷамшед Гулаҳмадзода, раиси Идораи мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб, вуҷуди “сарбозшикор” (облава)-ро ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон эътироф кард.

Ҳар сол дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳии даъват ба артиш чандин нафар аз маҷбурӣ ва ё бо зӯр бурда шудани фарзандони худ ба сарбозӣ шикоят мекунанд. Мақомот то ин дам будани “сарбозшикор”-ро рад карда, ҳамеша аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегуфтанд.

Ҷамшед Гулаҳмадзода рӯзи 2-юми феврал дар нишсти матбуотӣ ва дар посух ба суоли хабарнигори “Asia Plus” гуфт, “бе ин ва бе ёрии коллеҷу донишгоҳҳо сатҳи даъват дар шаҳри Кӯлоб аз ҷойи 25-ум ба 15-ум баромада наметавонист. Ман бо ҷалби милитсия, ҷамоат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишгоҳҳо, коллеҷҳо ин мақомро ба ҷойи 15-ум баровардам.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мансабдори тоҷик ҷой доштани "сарбозшикор"-ро эътироф кард

Сокинон мегӯянд, мушкил дар он аст, ки фарзандони баъзе аз мансабдорону сарватмандон ба артиш ҷалб нашуда, мақомот бештар дари мардуми одӣ ва донишҷӯёну шахсони беморро мекӯбанд.

Меҳроҷ Кабиров, сокини шаҳри Кӯлоб, иддао дорад, ки писари ӯро аз паси мизи донишгоҳ ба артиш бурдаанд. “Фарзанди ман дар соли сеюм мехонд. Рӯзи 16-уми ноябри соли гузашта аз даруни синф гирифта бурдаанд,” – нақл кард ӯ.

Раиси Идораи мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб гузориши хабарнигоронро дар мавриди “сарбозшикор” як “маъракаи сиёҳкунӣ” номид.

Ӯ гуфт: “Бачаи якеи Шуморо бурданӣ буданд, то куҷоҳо навиштед. Чаро бачаи журналист бояд даъват нашавад? Уҳдадории ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрванди Тоҷикистон ҳатмӣ аст.”

Ҳарчанд генерали тоҷик аз касе ном нагирифт, сухан аз даъвати маҷбурии писари Аҳмад Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар Кӯлоб, меравад, ки ба қавли хонаводааш бемор аст.

Дар Тоҷикистон даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳамеша ба ҷанҷолу кашмакаш олуда будааст. Азбаски аксарият аз хидмати ҳатмӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ сарпечӣ мекунанд ва довталабона ба артиш намераванд, мақомоти интизомӣ онҳоро аз кӯчаву бозор ё бистари хобашон бардошта мебаранд.

Сабаби парҳез аз хидмат ҳам бадрафторӣ бо сарбозон дар воҳидҳои низомӣ аст, ки гоҳе бо худкушиву маъюб ва маълул шудани ҷавонон меанҷомад. Аз соли 2015 то соли 2019 дар Тоҷикистон 10 сарбоз дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ба ҳалокат расидаанд.