Шумори магистрҳо дар Тоҷикистон кам шудаст. Таъсири қонуни нав?

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли хониши 2021-22 фақат ниме аз нақшаи қабул ба зинаи таҳсили магистратураро иҷро кардаанд. Мутахассисон чунин ҳолатро ба қонуни нави хидмат дар артиш пайванд медиҳанд, ки барои бурдани магистрантҳо ба сарбозӣ роҳ кушод.

Хабарнигорон рӯзи 3-юми феврал аз вазири маориф ва илми Тоҷикистон пурсиданд, ки оё барои тағйир ба қонуни нави даъват ба артиш пешниҳоде ба ҳукумат фиристодааст? Вазир Маҳмадюсуф Имомзода аз пешниҳоди мушаххасае суҳбат накарда, танҳо гуфт, "бо Вазорати мудофиа дар ин масъала ҳамкорӣ дорем".

Моҳи декабри соли гузашта як коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ - ниҳоди зертобеи президент - аз қонуни нави даъват ба артиш интиқод кард ва гуфт, ин қонун метавонад барои соҳаи маориф ва илм "оқибатҳои фалокатбор" ба бор орад.

Далели ин коршинос коҳиши чашмраси шумори донишҷӯён ва магистрҳо дар соли хониши 2021-22 мебошад. Масъулини баъзе аз донишгоҳҳо дар суҳбатҳои бидуни микрофон мегӯянд, теъдоди магистрҳо дар бисёре аз гуруҳҳо ба таври чашмрас кам шудааст.

Вазири маориф рӯзи 3-юми феврал тасдиқ кард, ки имсол фақат нисфи нақшаи қабул ба магистратура иҷро шудааст. Вале Маҳмадюсуф Имомзода аз қонуни нави даъват ба артиш ҳимоят кард.

"Хидмат ба ватан-модар қарзи шаҳрвандии ҳар нафар аст. Донишҷӯ аст, магистр аст, бояд хидмат кунад," -- афзуд Имомзода.

Ӯ ҳамчунин гуфт, шумораи қабулшавандаҳо ба зинаи таҳсили магистратура як сол кам мешавад ва соли дигар зиёд мешавад ва ин раванд ҳамасола ҷой дорад.