Барканории сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон

Сафорати Қирғизистон дар Душанбе

Жаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, аз мақоми худ барканор карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 2-юми феврал фармони раиси ҷумҳурии Қирғизистон нашр шуд, вале сабабаш маълум нест.

Рустенбеков соли 2018 барои кор дар намояндагии расмии Қирғизистон ба Тоҷикистон омад. Ӯ солҳо дар вазифаҳои раҳбарикунанда, аз ҷумла, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистону Туркманистон кор кардааст.

Барканории ӯ дар замоне сурат мегирад, ки муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар тақрибан як соли охир ба сардӣ печидааст.

Моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт.

Шаби 27-уми январи имсол ҳам дар сарҳад ҷанҷоле сар зад, ки дар натиҷаи он аз ҷониби Тоҷикистон ду нафар кушта ва аз ҳарду тараф беш аз бист кас маҷруҳ шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале нишонагузорӣ нашудани беш аз чаҳорсад километри он ҳар чанд вақт сабаби занозании мардум ва муноқишаи мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мешавад.