Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, созмони мухолифони тоҷикро дар хориҷа ба "тарҳрезии амали террористӣ" дар соли гузашта муттаҳам кард. Назари масъулони созмонҳо маълум нест, аммо пештар иттиҳоми ба ин монандро рад карда, бештар дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста буданд.
Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "соли гузашта 4 амали суиқасди терроризм ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шуд".
Ҳафиззода гуфт, ин ҷиноятҳо дар вилояти Хатлон, Суғд ва шаҳри Ваҳдат сабт шудаанд.
Ин мақоми ВКД дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ин амалҳо "аз ҷониби Ҳизби наҳзат, Паймони миллӣ якҷо бо гуруҳи “Давлати исломӣ” ба нақша гирифта шуда буд."
Шодӣ Ҳафиззода аз ин бештар шарҳ надод.
Мақомот қаблан низ Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро ба тарҳрезии амали террористӣ муттаҳам кардаанд. Раҳбарони созмон дар хориҷа чанд дафъа инро рад намуданд. Ба гуфтаи онҳо, дар гузашта айбдоркунии ин созмонҳо дар роҳандозии ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ ва посгоҳи марзии “Султонобод” далели собиткунанда пайдо накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, соли гузашта 25 узви гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва зиёда аз 100 узви аъзои Ҳизби наҳзат, Паймони миллӣ ва “Гуруҳи 24” "пушаймон шуда, ихтиёрӣ баргаштанд." Аммо мухолифин борҳо гуфтаанд, тарафдорони онҳо аз баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия, рабуда шуда, дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шудаанд.