Мақомоти Тоҷикистон пас аз се ҳафта нопадид шудани Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав, гуфтанд, ки ӯ дар Душанбе ва дар ҳабси пешакӣ аст. Ба қавли пайвандонаш, Аловатшоев 11-уми январи имсол дар Белгород дастгир ва сипас ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал гуфт, нисбати Аловатшоев ҳанӯз соли 2018 парвандаи ҷиноӣ кушода буданд ва ӯ дар Русия ҷустуҷӯ мешуд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Аловатшоевро ба ташкили эътирозҳо дар Хоруғ муттаҳам кард.
Вале дар ҳоле ки додситони кул гуфт, "ӯ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст", вазири корҳои дохилӣ мегӯяд, "бо хоҳиши худ ба ватан баргашт ва дастгир шуд".
Пайвандонаш пайваста ба бегуноҳии ӯ таъкид доранд. Онҳо мегӯянд, Аловатшоев пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли 2021 дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъқиб мешуд.
Вай аз ҷумлаи чаҳор нафаре буд, ки 25-уми ноябри соли 2021 бо сафири Тоҷикистон дар Русия мулоқот кард ва талаби эътирозгаронро расонд. Талаб аз он иборат буд, ки омилони қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, боздошт ва муҷозот шуда, ба ташаннуҷи вазъ дар ВМКБ роҳ дода нашавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амриддин Аловатшоев, ширкаткунандаи гуфтушунид бо сафири Тоҷикистон дар Русия, "нопадид шудааст"Шарҳи расмӣ
Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 2-юми феврал гуфт, "Амриддин Аловатшоев ба гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва амалҳои дигари ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Номбурда барои содир кардани ин ҷиноятҳо дар ҷустуҷӯ қарор дошт". Ҳафиззода афзуд, Аловатшоев ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, таҳқиқи парвандааш идома дорад.
Аз ин пеш, рӯзи 10-уми январи имсол, Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аловатшоевро ба таҳрики ҷавонони бадахшонӣ дар хориҷ аз кишвар алайҳи ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам кард.
Мақомоти Русия то ба ҳол дар мавриди қазияи Амриддин Аловатшоев ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд. Маълум нест, ӯ кай ва таҳти чӣ шароит дастгир шуда, ба Тоҷикистон бо хоҳиши худ баргашт ва ё истирдод шуд.
Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон рӯшан накардаанд, ки чаро дар се ҳафтаи охир дар бораи дар куҷо будани Аловатшоев чизе нагуфтанд. Дар ҳоле ки наздиконаш ва зодагони Бадахшон дар Русия аз сарнавишти ӯ нигарон буданд ва борҳо дар бораи дар куҷо буданаш мепурсиданд.
Дар гузашта Вазорати корҳои дохилӣ боздошту ба Тоҷикистон оварда шудани Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва Чоршанбе Чоршанбиев, размикори шинохтаро низ дар аввал рад карда, баъди чанд муддат тасдиқ намуда буд.
Аловатшоев кист?
Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ асосан дар Русия мезист ва, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод.
Исми Аловатшоев дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 дар қатори номи ба истилоҳ “роҳбарони ғайрирасмӣ” дар Бадахшон – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шамбиев ва Хурсанд Мазоров – гирифта шуд. Баъдан маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳ бо чанд нафари дигар санаде имзо кардаанд, ки дар оянда ба қонуншиканӣ даст намезананд ва ба кори мақомоти давлатӣ дар ВМКБ дахолат намекунанд.
Амриддин Аловатшоев соли 2019 ба Русия баргашт ва онҷо як ҳаракати ихтиёриёнро таъсис дод, ки ҳадафи он тарғиби ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, ҳифзи иртиботи наздик ва кумак ба ҳамдигар будааст.