Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як корманди Хадамоти гумрук ва яке аз моликони фурӯшгоҳи "Ҷило"-ро дар кишвар бо гумони кочоқи беш аз 9 кило тилло дастгир кардаанд.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 2‑юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, Ашраф Назримадов, сардори дидбонгоҳи мусофирони Хадамот дар фурудгоҳ, ба таҳияи нодурусти санад ва кам нишон додани миқдори маҳсулоти заргарӣ гумонбар аст.
Ба гуфтаи ӯ, "Гулнора Турсунбоева, яке аз моликони фурӯшгоҳи "Ҷило" дар Душанбе, ҳангоми овардани беш аз 9 кило маҳсулоти заргарӣ аз Туркия, онро чаҳор кило сабт карда, бо ин роҳ аз пардохтҳои гумрукӣ фирор намудааст."
Хуршед Каримзода иқрор шуд, ки дар бораи ин парванда маълумоти зиёд надорад, чун аз тарафи КДАМ таҳқиқ мешавад. Ин ҳодиса 24‑уми январи имсол иттифоқ уфтодааст ва назари нафарони боздоштшуда ва ё наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.
Соли гузашта низ се корманди Хадамоти гумрук бо гумони даст доштан дар кочоқи 90 кило тилло аз Афғонистон ба Тоҷикистон боздошт шуда буданд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи апрели соли гузашта нӯҳ нафар, аз ҷумла се корманди гумрукро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гунаҳкор донист ва онҳоро ба муҳлатҳои аз ду то панҷуним сол ба зиндон маҳкум кард.