Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар пайванд ба муноқишаи шаби 27-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳо ва баъзе аз сокинони кишвари ҳамсоя парванда кушоданд.
Дар ин муноқиша аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта шуда, аз ҳарду ҷониб беш аз бист кас захмӣ гардиданд. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамвора якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал, ҳангоми нишасти хабарӣ, дар Душанбе гуфт, "нисбати сарҳадбонон ва сокинони Қирғизистон, ки дар содир намудани ҷинояти муяйян даст доранд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд". Ӯ тафсилот надод, ки парванда нисбати чанд нафар ва бар асоси кадом модда аст.
Ҷониби Қирғизистон ҳам, ки дар муноқишаи ахир Тоҷикистонро айбдор мекунад, дар робита ба ин воқеа парванда боз намудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти ду кишвар шаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар дода, вале дертар дар мавриди замин баҳси лафзӣ оғоз карданд.
Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйинношудаи байни ду кишвар аст. Баҳори соли гузашта дар як низое, ки аз 28-уми апрел то 1-уми май идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт. Дар пай ин додситонии ду кишвар аз оғози парванда алайҳи шаҳрвандони якдигар хабар доданд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "оид ба муноқишаи соли гузашта шахсони гунаҳкор муайян карда шуда, қисме аз онҳо дасгир ва нисбати боқимонда кофтукоб эълон шудааст. Дар дар сурати дастгир намудан, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.”
Мақомоти Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса ду шаҳрванди Тоҷикистонро аввал ба ҳабси абад маҳкум карда, сипас онро ба 20-солии зиндон иваз намуданд. Се шаҳрванди тоҷики Қирғизистон низ ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ гардиданд.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд. Чунин номуаяйнӣ дар гузашта борҳо сабаби муноқиша миёни сокинону марзбонони ду кишвар шудааст.