Зиёни молии низои мусаллаҳонаи ахири марзӣ байни Қирғизистон бо Тоҷикистон барои қирғизистониҳо 3 млн сом ё бештар аз 35 ҳазор доллар арзёбӣ шуд. Дар ин бора ҳокими ноҳияи Бодканди Қирғизистон Учкунбек Жоробоев хабар дод.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, дар низои ахир аз ҷониби Қирғизистон ду анбор оташ гирифта, чанд хонаву мошин зиён дидааст. Расонаҳои Қирғизистон ҳамчунин аз гум шудани чорво хабар медиҳанд.
То ин замон бисёре аз сокинони кӯчдодашуда ба манзилҳояшон баргаштаанд. Дар вилояти Бодканд мактабу боғчаҳои деҳаҳои наздимарзӣ дубора ба фаъолият пардохтаанд.
Мақомоти тоҷик то кунун ба таври расмӣ зиёни молии таниши ахири марзиро эълон накардаанд.
Рӯзи 27-уми январ марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди боз як низои мусаллаҳона шуд, ки дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон куштаву ва беш аз 20 нафар аз ҳар ду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Хушунатҳо рӯзи 28-уми январ хотима ёфт ва ҷонибҳо пушти мизи гуфтугӯ нишастанд.
Низоъ баъди он сар зад, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Мақомоти ду кишвар нимашаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд.
Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар аст. Баҳори соли гузашта дар як низое, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.