17 захмиро дар бемористони Исфара бистарӣ кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Як мақоми идораи тандурустӣ дар шаҳри Исфара гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 17 нафар (аз ҷониби Тоҷикистон) захмӣ шудаанд.

Ҳамсуҳбати мо бе зикри ном гуфт, баъзе аз захмиён низомӣ ва қисми дигар сокинони оддӣ ҳастанд. "Ҳамаи онҳо дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудаанд," -- афзуд ӯ, аммо тафсилот надод.

Ба иттилои дарёфтӣ, дар миёни захмиён мудири Шуъбаи ташкилии шаҳри Исфара низ будааст. Манобеъ мегӯянд, ӯ аз пойи росташ захм бардошта, дар шуъбаи шикастабандии бемористони марказӣ бистарист.

Маълум нест, ки оё дар шифохонаҳои ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух низ захмиёнро ҷой кардаанд ё не. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ дар ин бора иттилоъ намедиҳанд. Пештар раиси деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара дар бораи кушта шудани як сокини 36-сола хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани чаҳор низомии ин кишвар дар муноқишаи марзӣ гузориш доданд.

Задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ оғоз шуд. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон расман чизе намегӯянд, як манбаъ дар идораи пулиси Суғд гуфт, “тирпарониро ҷониби Қирғизистон оғоз кард.” Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки низомиёни тоҷик аз гранатомёт ва миномёт истифода карданд.

Пеш аз он ду тараф якдигарро ба бастани роҳ гунаҳкор карданд.