Дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз як сокини Хоҷаи Аъло кушта шудааст

Дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара кушта шудааст.

Раиси маҳаллаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Обидҷон Тӯйчиев 36 сол дошт. "Вай шахси низомӣ набуд, фарди оддӣ буд. Дар наздикии Шуъбаи корҳои дохилии Хоҷаи Аъло аз тири нерӯҳои Қирғизистон кушта шудааст," -- нақл кард ӯ.

Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли манбааш навишт, ки ин сокини Хоҷаи Аъло "дар натиҷаи афтодани мушак (снаряд) ба хонааш ҷон бохт."

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара, кушта шудани Обидҷон Тӯйчиевро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.

Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, то кунун 6 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар бемористони марказии Исфара бистарӣ карда шудаанд. Ду нафари онҳо низомӣ будаанд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ шуруъ шуд. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ шарҳе надодаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳодур Баҳоваддинзода шаби 27-уми январ ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи ҳодиса посух надоданд.

Як манбаъ дар идораи пулиси вилояти Суғд бе зикри ном гуфт, "тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон сар шуд". Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, тирпарониро нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз карданд ва аз гранатомёту миномёт истифода намуданд.

Муноқиша баъди он сурат гирифт, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар баёнияҳои алоҳида аз роҳбандӣ дар сарҳади ду кишвар хабар доданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли 2021 рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.