Хонаеро, ки дар онҷо китобҳои зиёде навишта шудаанд, вайрон мекунанд. ВИДЕО

Хонаи чеҳраҳои саршиноси адаб ва ҳунар дар маркази Душанбе вайрон карда мешавад. Шаҳрдории Душанбе гуфтааст, тасмим ниҳоист ва иҷрои он шуруъ шудааст. Пештар сокинони бино ва баъзе аз фаъолони ҷомеа аз раҳбарони Тоҷикистон хоста буданд, ки бинои қадимаро вайрон накунанд. Мақомот мегӯянд, ин маҳаллаи марказии шаҳрро обод мекунанд.

Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рӯзи 26-уми январ гуфт, "қарор аст, ҳамаи биноҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи атрофи "Майдони Истиқлолият ва Озодӣ" тахриб шуда, дар ҷойи онҳо биноҳои баландошёнаи 7, 8 ва 9-ошёна созанд. Биное, ки ҳоло дар он адибон зиндагӣ мекунанд, низ тахриб карда мешавад."

Сокинону аҳли фарҳанг мегӯянд, вайрон кардани бино, "зери по кардани арзишҳои фарҳангӣ ва нобуд кардани таърихи миллат аст".

Фарангис Муллоҷонова

"Ҳамаи дарахтон дар саҳни ҳавлии ин ду бино бо дастони адибони бузургу номдори Тоҷикистон шинонида шудаанд. Ин бино бояд монад ва дар девори он лавҳаи ёдгорӣ бо исми ин адибон насб карда шавад," – мегӯяд Фарангис Муллоҷонова, духтари Масъуд Муллоҷонов, сардабири пешини маҷаллаи "Помир".

Урун Кӯҳзод, нависандаи халқии Тоҷикистон, низ гуфт: "Аслан, касе ҳақ надорад, нафари дигарро ба коре маҷбур созад. Мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем. Чӣ хел маро маҷбур карда мешудааст, ки хез, аз ҷоят бирав? Ин тасмим асоси конститутсионӣ надорад. Ман ҳоло ҳатто қуввати риштарошӣ надорам ва ба ҷойи дигар кӯч бастану сарпаноҳи нав ёфтан магар кори осон аст? Ман мақсад ва ҳаракати кӯчидан аз биноро надорам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба адибони тоҷик гуфтаанд, хонаашон вайрон мешавад

Дар номаи сокинон, ки 38 хонавода имзо гузоштаанд, зикр шудааст, ки "дар ин ду бино фарзандон, аҳли хонавода ва хешовандони шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ба мисли фарзандону набераҳои Қаҳрамонҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон ва ҳунарманди мардумӣ Марям Исоева зиндагӣ мекунанд".

Таърихшиносон мегӯянд, амалкарди мақомот нодуруст аст ва ба фарҳангу таърихи кишвар осеби ҷуброннопазир мерасонад.

Ғафур Шерматов

Ғафур Шерматов, узви Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, гуфт: "Ганплан"-и солҳои ҳафтодуму навадумро омӯхтаам. Чаро то солҳои аввали навадум хиёбони Рӯдакӣ бозсозӣ намешуд? Тибқи “Генплан” дар ин кӯча сохтмони биноҳои баландошёна пешбинӣ нашуда буд. Дар он нақшаҳо ҳифзи шаҳри қадимӣ пешбинӣ шуда буд. Ҳоло биноҳои дорои арзиши таърихӣ дар Душанбе вайрон карда шудаанд."

Хонаи адибон бо ташаббуси Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода, дар замони Шӯравӣ сохта шуда, дар он чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд.

Дар чанд соли гузашта ҳукумати Душанбе бо иҷрои барномаи кулли шаҳрсозӣ, бинову театру муассисаҳои қадимаи зиёдеро дар маркази Душанбе вайрон кард ва сару садо ва норозигии зиёдеро барангехт. Аммо ин сарусадову норозигӣ таъсири андаке ба тасмимгирии мақомот доштааст.