Ҳукумати шаҳри Душанбе аз тасмими вайрон кардан ва ё ба ҷойи дигар кӯчондани хона-музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон, даст кашид. Мақомот рӯзи 19-уми ноябр гуфтанд, ин бино дар ҷойи худ мемонад, вале гирду атрофашро зебо мекунанд.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки хабари тахриб ё ба ҷойи дигар бурдани хона-музейи Садриддин Айнӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои тундро ба бор овард. Баъзе аз адибону рӯзноманигорон ва шахсиятҳои шинохта ҳукумати Тоҷикистонро ба таҳрифи таърихи гузашта айбдор карданд.
Ҳафтаи гузашта масъулони чаҳор созмони эҷодӣ, аз ҷумла Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, низ дар номае аз раиси ҷумҳурӣ хостанд, ки монеи вайрон кардани хона-музейи Садриддин Айнӣ дар маркази пойтахт бишавад.
Мавзӯи хона-музейи Садриддин Айнӣ пас аз он баҳс шуд, ки Радиои Озодӣ ду ҳафта пеш номаи муовини аввали шарҳдори Душанберо дар бораи тахриб ва ба ҷойи дигар бурдани ашёи дохили он дастрас кард.
Бино бар он, Амирхон Қурбонзода моҳи августи имсол аз раиси Академияи миллии илмҳо “ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона” кумак хостааст. Дар посух Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, навиштааст: “Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шаванд.”
“Таърихро маҳв кардан мумкин нест”
Масъулони хона-музейи Садриддин Айнӣ аз тасмими мондани бино истиқбол мекунанд ва мегӯянд, ин макон ҳамчун осори таърихӣ муҳим аст.
Моҳшариф Табарова, як масъули осорхона, рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Садриддин Айнӣ се соли охири умрро ҳамроҳи хонавода дар инҷо гузарондааст. Ба гуфтаи Табарова, пас аз фавти Айнӣ дар соли 1954, аҳли оилааш як муддат дар инҷо зиндагӣ карданд ва баъдан онҳоро ба хонаи дигар гузаронда, хона-музей ташкил карданд.
“Ман аз аввал бовар надоштам, ки осорхона кӯчонда мешавад. Бовар доштам, ки ақли солим ғалаба мекунад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аҳли зиё намегузошт, ки ин осорхона кӯчонда шавад. Таърихро маҳв кардан мумкин нест, ин як ёдгории таърихӣ аст. Аз тамоми шасхоне, ки дар шабакаҳо баромад карда, аз осорхона пуштибонӣ карданд сипосгузорӣ мекунем,” -- гуфт Моҳшариф Табарова.
Нависанда: тасмим аз аввал иштибоҳ буд
Бо эълони ҳукумати пойтахт дар бораи накӯчондани хона-музейи Садриддин Айнӣ, бисёре аз корбарон аз Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, тавсиф карданд. Вале бархе намояндагони аҳли фарҳанг, аз ҷумла нависанда Абдуқодири Рустам, мегӯяд, тасмими шаҳрдорӣ аз оғоз “хато буд”.
Муваффақияти ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳам ба гуфтаи Абдуқодири Рустам ин буд, ки “тавонист, ба шаҳрҳдории Душанбе фаҳмонад, ки ин иқдомашон кори ғалат аст ва хушбахтона ин ғалаташонро фаҳмиданд.”
Дар чанд соли охир дар пайи иҷрои “Генплан” ё нақшаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон чандин бинои таърихӣ ва фарҳангӣ, ба монанди Театри ба номи Маяковский, Қасри президент, Кохи Ҷомӣ, бинои Вазорати кишоварзӣ, хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва дигарон вайрон карда шудаанд. Намояндагони ҷомеа барои мондани ин маконҳои барои Душанбе таърихӣ садо баланд карданд, вале эътирозҳо беҷавоб монд.
Нависанда Абдуқодири Рустам мегӯяд, дар ҷойи худ гузоштани осорхонаи Айнӣ, “аз мавридҳои истисноӣ аст, ки ҷомеаи мадании Тоҷикистон тавонист андешаи худро қабул бикунонад ва ин барои ривоҷи минбаъдаи ҷомеаи маданӣ метавонад хеле муассир бошад.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти ҳозираи Бухоро таваллуд шудааст. Вай президенти нахустини Академияи илмҳои Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик аст.
Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва акси ӯ дар пули 5-сомонӣ ҷой гирифт.