"Гуфтанд, агар эътирозгаронро танқид накунед, ҷазо мегиред." Шикояти ду омӯзгор аз рафтори мақомот. ВИДЕО

Тазоҳурот дар Хоруғ. Моҳи ноябри 2021

Ду омӯзгор аз ноҳияи Роштқалъа ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки баъди як суханронии, ба қавли онҳо, "маҷбурӣ" дар бораи эътирозгарони Хоруғ тавассути "ТВ Бадахшон" муносибати оилаву ҷомеа бо онҳо "таҳқиромез" шудааст. Хоруғ моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди гирдиҳамоии чаҳоррӯза буд. Мақомот эътирозро ғайриқонунӣ меноманд. Сокинон мегӯянд, барои додхоҳӣ рафта буданд.

Гуфтам, ягон матнро намехонам. Гуфтанд, айбдор мекунем, ҷарима мебандем. Маҷбур чанд ҷумла гап задам.

"Намехоҳам, ки зиндагиям вайрон шавад"

Наргис Ҷонмирзоева ва Азиза Қарачабекова, омӯзгорони мактаби рақами 6 дар Роштқалъа, иддао доранд, ки намояндагони ШКД-и Бадахшон онҳоро ба хондани матнҳои омода маҷбур намудаанд. Суҳбати онҳо 15-уми январи имсол сабт шудааст. Мақомот ҳозир нашуданд, қазияро шарҳ диҳанд, аммо дар гузашта ҳамингуна суҳбатҳоро ба зидди мухолифону эътирозгарон "ихтиёрӣ" донистаанд.

Ба қавли омӯзгорон, ба онҳо таҳдид шудааст, ки агар эътирозгаронро танқид накунанд, танбеҳ мегиранд ва ё ҷарима месупоранд.

Наргис Ҷонмирзоева рӯзи 20-уми январ гуфт: "Ман аз доғи судӣ доштан тарсидам. Матни навиштаро дар бораи ҷинояткорону ҷиноят дар вилоят нахондам, аммо дар телевизион баъзе ҳарфҳоро гуфтам. Ҳоло ба ман бо танаффур гап мезананд. Се фарзанд дорам ва намехоҳам, ки зиндагиям вайрон шавад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Аз падару модарон даъват кардам, ки..."

Радиои Озодӣ талош кард, посухи мақомот ё намояндагони телевизиони Бадахшонро бигирад, ки оё дар воқеъ омӯзгорон ба суханронӣ маҷбур карда шудаанд ё не, аммо касе ҷавоб надод. Навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии вилоят бо шунидани суоли мо гӯширо гузошт.

Чанде аз сокинони вилоят ба мо гуфтанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам навиштаанд, ки мақомот аз шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ба ҳамин шева ширкатдорони тазоҳуроти моҳи ноябрро маҳкум мекунанд. Ин тазоҳурот пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карда, амалиёти боздошташро қонунӣ шумурданд, вале сокинон амали барқасдона медонанд.

Эътирозҳо дар Хоруғ пас аз марги Гулбиддин Зиёбеков сар шуд

Азиза Қарачабекова, омӯзгори мактаб дар Роштқалъа, гуфт, вақте онҳоро ба Шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд, "чанд матн дар рӯйи миз омода буд".

"Гуфтам, ягон матнро намехонам. Гуфтанд, айбдор мекунем, ҷарима мебандем. Маҷбур чанд ҷумла гап задам. Аз падару модарон даъват кардам, ки фарзандҳои худро хубтар тарбия кунанд," – нақл кард ӯ.

Шикояти 15 нафар ва хомӯшии мақомот

Дар ҳоле ки мақомот дар ин замина шарҳе намедиҳанд, як намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон 20-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомот асосан кормандони мактабҳо, беморхонаҳо ва идораҳои дигари буҷавиро маҷбур мекунанд, руйдодҳоро яктарафа маҳкум кунанд".

Хуҷамрӣ Пирназаров, масъули дафтари матбуотии "Комиссияи 44", гуруҳи иборат аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуфт, "то имрӯз ҳудуди 15 нафар ба мо шикоят карданд, ки онҳоро барои суҳбат маҷбур мекунанд. Мегӯянд, агар ҳарф назанӣ, аз ҷойи кору маош маҳрум мешавӣ."

Ду нигоҳ ба масъала

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ин таҷриба бар зиёни ҳукумат ва мардум аст, чун ба бовари ӯ, "барои ҳалли мушкили Бадахшону барқарории назму субот ва волоияти қонун мусоидат нахоҳад кард." Ба қавли ӯ, "хондани матни навишта ҳатман сохта ва дурӯғ будани онро барои бинанда ошкор мекунад."

Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, хоҳони ба телевизион овардани шоирон ва афроди дигари шинохта аст, на мардуми оддӣ. "Ба телевизион кашондани мардуми оддӣ ҳеч аҳамият надорад, зеро як корманди қаторӣ наметавонад, ҳарфе занад, ки аз нигоҳӣ равонӣ ба мардум таъсир дошта бошад," – гуфт ӯ.

Дар гузашта низ видеоҳои ҳамсон ба зидди афрод ва гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва пахш мешуданд. Мухолифони ҳукумат дар хориҷа тобистони соли 2020 шикоят карданд, ки пайвандони онҳоро барои суҳбат дар назди дурбин ва танқиди дигарандешон маҷбур карда, дар як маъракагирии сиёсӣ мавриди суистифода қарор додаанд.

Мақомот ҳеч вақт сабти наворҳои маҷбуриро тасдиқ накарда, бештар ихтиёрӣ меноманд.