Ҳалокати як ронандаи тоҷик дар корхонаи Тоҷикистону Чин

Ошӯби коргарони чинӣ дар Зарнисор. Акс аз бойгонӣ

Бар асари садама дар кони "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин", воқеъ дар ҷамоати Зарнисор (Олтин Топкан)-и вилояти Суғд, як ронандаи 34-солаи тоҷик ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора ду манбаи Радиои Озодӣ дар минтақа хабар доданд. Ҳодиса нимарӯзи 18-уми январ иттифоқ уфтодааст.

Раҳмат Боқиев, ронандаи мошини боркаши "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин", ҳангоми иҷрои кор дар кон ба ҳалокат расидааст. Сабаби садама шарҳ дода нашудааст. Назари масъулини ширкат дар ин бора дастрас нест.

Дар шуъбаи корҳои дохилии ҷамоати Зарнисор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисаро тафтиш мекунанд ва корро муфаттишони додситонӣ пеш мебаранд.

“Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" моҳи июни соли 2007 дар шаҳраки Зарнисори Гулистон, Қайроққуми собиқ, ба кор оғоз кардааст. Дар ин корхона асосан ба коркарди металҳои ранга ва рӯҳ машғуланд.

Дар ин ширкат 3000 кас фаъолият доштаанд ва аз ин ҳисоб 1100 нафар чинӣ ҳастанд.