Заҳролудшавӣ ва марги се сокини Фарғона аз газ

Дар маҳаллаи "Истиқлол"-и шаҳри Фарғонаи Узбекистон се узви як хонавода аз газ заҳролуд шуда, фавтидаанд. Бино ба иттилои расмӣ, ду тани фавтидаҳо соҳибони манзил ва як тани дигар меҳмон будааст. Дар шаҳри Фарғонаи барои таҳқиқи ин ҳодиса комисия ташкил шудааст. Мақомоти Узбекистон хабар доданд, ки дар соли 2021 дар он кишвар 125 кас аз заҳролудшавӣ ва сухтор фавтидааст.