Таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ. Панҷ шарти "Комиссияи 44" ва сукути мақомот

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфтаанд, ба шарте ки мақомот панҷ хости онҳоро, аз ҷумла дар мавриди барканории раиси Идораи амниятро напазиранд, аз идомаи иштирок дар таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ даст мекашанд.

Аъзои "Комиссияи 44" номаи худро рӯзи 18-уми январ ба роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ, Мансур Ҳакимзода супурдаанд. Нусхаи нома рӯзи 19-уми январ дастраси Радиои Озодӣ шуд, вале мавқеи мақомот то ҳол маълум нест.

Ду рӯз пеш як манбаъ дар Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфта буд, ки “муфаттишон пас аз таътили солинавӣ ба таҳқиқ шуруъ карданд”.

Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи “Комиссияи 44”, рӯзи 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “бале, муфаттишони Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба Хоруғ баргаштанд ва бояд ба қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков таваҷуҳ мекарданд, аммо нашуд.”

Як норозигии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба гуфтаи ӯ аз он иборат ст, ки тафтишот рафтори сокинонро ҳангоми эътирозҳо фаро мегирад, вале ба бархӯрди мақомот ва омилони марги се сокини ноҳияи Роштқалъа ва 17 захмӣ баҳо намедиҳад.

“Озод кардани сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ;

Аз кор рондан ва ба ҷавобгарӣ кашидани маъмуроне, ки 25-уми ноябр дар амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков дар Тавдем иштирок карданд;

Чораҷӯӣ нисбати кормандони сохторҳои қудратӣ, ки дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи аҳолӣ аз силоҳ истифода мебурданд;

Чораҷӯӣ нисбати сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хоруғ” аз хостҳои дигари намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон аст.

Бино ба нусхаи нома, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, дар зери он 13 нафар имзо гузоштаанд. Аммо то ин дам ҳеч ниҳоде ба хостҳои онҳо посух надодааст.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ дар Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 17-уми январ бо шарти фош нашудани ном гуфт, муфаттишони Додситонии ҳарбӣ аз Душанбе ба Хоруғ рафтаанд. Ӯ гуфта буд, "онҳо тасмим доранд, бар асоси нақша ҳодисаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқаъла ва марги Гулбиддин Зиёбековро баррасӣ кунанд."

Манбаъ афзуд, ба гуруҳи тафтишотӣ шаш узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон низ ворид шудаанд ва ба ҷараёни таҳқиқи ҳодисаҳо мадад мерасонанд.

Тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карда, амалиёти боздошташро қонунӣ шумурданд.

Эътирози сокинон дар Хоруғ баъди он ки, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд. Чизе, ки ба гуфтаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷро нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муфаттишон дар Хоруғ, хости фаъолон аз Душанбе. Таҳқиқи ҳодисаҳои Бадахшонро "аз сар гирифтаанд"ADC Memorial аз Созмони Милал хост, ба қазияи Бадахшон расидагӣ кунадАмриддин Аловатшоев, ширкаткунандаи гуфтушунид бо сафири Тоҷикистон дар Русия, "нопадид шудааст"Ҳодисаҳои Қазоқистонро ба низоъҳои Хоруғ монанд кардаанд. Маҳмадбоқиров: "Ҷинояткор нестем"Фаъолони Бадахшон: "Додситонӣ моро ғайриқонунӣ мешуморад" Додситонӣ Фаромуз Эргашевро ба “суҳбат” даъват кардаастПарванда ба зидди 13 сокини Хоруғ. "Комиссияи 44" нигарон аст, мақомот шарҳ намедиҳанд