Як гуруҳи иборат аз муфаттишони Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ва шаш узви ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғро аз сар гирифтаанд. Пештар намояндагониҷомеаи шаҳрвандӣ нигарон буданд, ки эҳтимол таҳқиқ бас шудааст. Додситонӣ мегӯяд, дар таътил буданд.
Як манбаъ дар Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шарти фош нашудани ном рӯзи 17-уми январ гуфт, муфаттишон ду рӯз пеш аз Душанбе ба Хоруғ рафтаанд. "Ҳоло тасмим доранд, бар асоси нақша ҳодисаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқаъла ва марги Гулбиддин Зиёбековро баррасӣ кунанд," – афзуд мусоҳиби мо.
Манбаъ афзуд, ба гуруҳи тафтишотӣ шаш узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ворид шудаанд ва ба ҷараёни таҳқиқи ҳодисаҳо мадад мерасонанд.
Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи "Комиссияи 44", иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 17-уми январ хабари бозгашти муфаттишонро ба Хоруғ тасдиқ кард. Ӯ гуфт: "Омадани муфаттишони Додситонии ҳарбӣ умедвории моро барои таҳқиқи ҳодиса бештар кард. Беш аз аз ду ҳафта бедарак буданд. Фикр мекардем, хунукназарӣ аст. Дар назар аст, таҳқиқи марги Гулбиддин идома дода шавад. Чанд навор аз лаҳзаи марги ӯ ва суҳбатҳои пайвандонашро ба тафтишот пешкаш кардем."
Пирназаров гуфт, дар бораи ҷараёни тафтишот аз ин бештар шарҳ дода наметавонад, "зеро сирри тафтишот аст". Аммо дар айни замон афзуд, "яке аз мушкили ҷиддие, ки мо рӯбарӯ ҳастем, набудани Интернет аст."
Муроҷиати дигар ба Душанбе
Ин дар ҳолест, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16-уми январ дар як муроҷиати видеоӣ аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостанд, вазъият дар вилоятро зери назорат бигирад. Аъзои "Комиссияи 44" шикоят доштанд, ки тафтиши парвандаи марги Гулбиддин Зиёбеков ним моҳ ба ин тараф "муваққатан" боздошта шудааст.
"Мақомот тафтиши парвандаҳои латукӯби кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳатто буридани дарахтонро дар ҷои аввал гузошта, кушта шудани ду нафар ва захмӣ шудани 15 тани дигарро дар ҷараёни эътирозҳои Хоруғ ба боди фаромӯшӣ супурдаанд," – гуфта шудааст дар муроҷиат.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идома гуфтаанд, дар матбуоти расмӣ аз сокинони вилоят "ҷинояткор" ном мебаранд ва ва чунин ҳолат ба амнияту суботи тамоми Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Фаъолони Бадахшон моҳи декабри соли гузашта аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ хоста буданд, ки ҳодисаҳои ахири вилоятро дар иҷлосияи навбатӣ баррасӣ кунад, вале ба муроҷиати онҳо вокунише сурат нагирифт.
Тазоҳурот аз чӣ оғоз ёфт?
Тазоҳурот дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.
Эътирози сокинон дар Хоруғ баъди он ки, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд.
Мақомот расман ин шартҳоро эълон накарда, дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, вале ҷиноят содир нанамудааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст ва ҳодисаҳои ахир дуруст таҳқиқ намешавад.