Оё ҳаводиси Қазоқистон ба сиёсати дохилии Тоҷикистон таъсир мерасонад? 

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ

Тарзи ҳукуматдории Қазоқистон, ки бо Тоҷикистон монандиҳои зиёд дорад, даврони сахтеро паси сар мекунад. Коршиносон ба ин назаранд, ки дар пайи рӯйдодҳо дар Қазоқистон интиқоли қудрати қаблан барномарезишударо наметавон интизор дошт. Оё ин озмуни нухбагони қазоқ ба сиёсатгузорони Душанбе таъсире дорад? Метавон чашмбароҳи тағйир дар сиёсати дохилӣ буд?

Бо бозгашти суботи дохилӣ ба Қазоқистон, наздикони Нурсултон Назарбоев, элбасӣ (пешвои миллат) ва раиси ҷумҳури нахустини ин кишвар, дар ҳоли аз даст додани мавқеи худ ҳастанд. Дар ин миён раиси инак собиқи Кумитаи амнияти миллӣ, Карим Масимов, дастгир ва Самат Абиш, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва бародарзодаи Назарбоев, аз мансаб барканор шудааст.

Се домоди Назарбоев:

  • Димаш Досанов (шавҳари Алия Назарбоева), мудири ширкати миллии “КазтрансОйл”;
  • Кайрат Шарифбоев (шавҳари Дариға Назарбоева гуфта мешавад), раиси ҳайати роҳбарии ширкати “Казахгаз”;
  • Тимур Қулибоев (шавҳари Динора Қулибоева), раиси "Отамакон", палатаи миллии соҳибкорон, аз мансабҳои худ истеъфо додаанд. Ин афрод солҳои дароз аз нуфузи фавқулодае дар миёни нухбагони сиёсии Қазоқистон бурхурдор буданд ва бо садҳо миллион доллар дороӣ шахсони сарватмандтарин маҳсуб мешуданд.

Нурсултон Назарбоев ва хонаводаашро барои монополияи қудрат ва баҳшҳои муҳиму сердаромад танқид мекунанд

Коршиносон ин истеъфоҳои пурсарусадоро ба муборизаи дохилии нухбагон дар байни “пешвои миллати қазоқ” Нурсултон Назарбоев ва раиси ҷумҳури ҳозира – Қосимҷомарт Тоқаев – рабт медиҳанд.

Нозирони ин рӯйдодҳо бар ин боваранд, ки шеваи интиқоли қудрат, ки ба дасти Нурсултон Назарбоев шакл гирифт ва солҳои охир амалӣ шуд, номуваффақ анҷомид.

Дарсҳои Нурсултон

Низоми сиёсӣ дар Душанбе ҳам аз назари шеваи интиқол ва ҳам аз назари тамаркуз бар хешовандони наздик ба низоми Нурсултон Назарбоев шабоҳат дорад. Ҳукумати иҷроия дар дасти наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буда, домодҳояш аз инҳисоргарон (монополистон)-и иқтисоди Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, тағйирот дар Қазоқистон метавонад ба Тоҷикистон асаргузор бошад, аммо мизони он аз натиҷаи рӯйдодҳои Қазоқистон бастагӣ дорад.

Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов таъкид меварзад, ки инқилобҳои ранга ҳамеша ба барномаҳои сиёсӣ ва нақшаҳои стратегӣ таъсиргузор будаанд ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз ин чиз истисно нестанд. “Қатъан таҷрибаи Қазоқистон дар ҳоли таҳлил аст, вале мо намедонем то чӣ андоза таъсир мегузорад. Шояд дар баъзе кишварҳо дар масъалаи боло бурдани нарх аз эҳтиёт кор бигиранд ва бештар ба афкори ҷамъиятӣ гӯш бидиҳанд,” -- мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Афзоиши нархи гази моеъ дар аввали сол сабаби ба хиёбон рехтани мардум дар ғарби Қазоқистон шуд, ки бо даргирии мусаллаҳона бо низомиён дар Алмаато анҷомид. Раиси ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев онро “ҳуҷуми террористон” ба Қазоқистон номид. Аммо коршиносони мустақил онро ба муборизаи Тоқаев ва атрофиёни ҳомии ӯ, Нурсултон Назарбоев, нисбат медиҳанд.

Пас аз чандин рӯз бесуботӣ, ки кушта шудани дастикам 225 нафар ва зиндонӣ шудани тақрибан даҳ ҳазор нафарро дар пай дошт, Тоқаев бо канор задани наздикони Назарбоев бештарин нафъ дид.

ҳтимоли тағйирот кам аст"

Марат Мамадшоев

Рӯзноманигори тоҷик Марат Мамадшоев ба таъсири тағйироти Қазоқистон ба сиёсати дохилии Тоҷикистон бо тардид (шубҳа) менигарад. “Шояд дар кадом арсае боз ҳам назорати сахту шадидтаре интизор шуд, вале гуфтан душвор аст, ки чиро метавон аз ин сахттар кард. Дар Қазоқистон, масалан, аён аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин “талоши табаддулоти давлатӣ” ба фарқ аз сохтори давлатӣ нақши калидӣ надошт. Аз ин рӯ, баҳсҳое шояд байни сохтори амниятӣ ва сохторҳои дигар сар занад. Аммо тамоми ҳукуматҳо ҳамеша бар ин боваранд, ки сиёсаташ аз ҳукумате, ки суқут кард, беҳтар аст,” -- мегӯяд Мамадшоев.

Ба гуфтаи вай, барои тағйир додани вазъият ба фароҳам будани шароити молӣ ниёз ҳаст, аммо мақомот чунин манобеъро дар даст надоранд.

Алексей Дундич, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ аз Русия, мегӯяд, маҳз дугонагии сиёсӣ дар Қазоқистон сабаби авҷ гирифтани эътирозҳо дар Қазоқистон шуд, ки ин чиз дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад.

Ӯ гуфт: “Дар Тоҷикистон иваз шудани элитаи сиёсӣ рух надодааст. Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 1990 дар сари қудрат аст. Аз сӯи дигар, омили исломӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон назар ба Қазоқистон бештар аст. Далели нуфузи он реша дар кашмакашҳои дохилии солҳои 1990 дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сохтори Толибон дар Афғонистон мансабҳоеро дар ихтиёр гирифтаанд, боиси эҳтиёткории роҳбарият мешавад ва сабаби вокуниши сареъ (зуд) ба буҳронҳои эҳтимолӣ мегардад. Ҳофизаи таърихӣ нақши боздоранда иҷро мекунад. Тоҷикон, ки ваҳшати ҷангро таҷриба кардаанд, назар ба мардуми Қазоқистон, ки такягоҳи субот дар минтақа унвон шудааст, бештар ба асли “аввал амният” пойбанд мебошанд. Вазъияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон бадтар аст, аммо мардум бо он одат кардааст, зеро ҳаргиз беҳтар набудааст. Мардум наҷотро дар муҳоҷират мебинанд ва он эҳтимол сар задани даргириро коҳиш медиҳад. Ба назар мерасад, ки дар сурати ҳифзи низоми сиёсии мавҷуд қазияи Қазоқистон дар Тоҷикистон такрор намешавад. Аммо дар ҷараёни интиқоли қудрат аз раиси ҷумҳури феълӣ ба оянда, ки ҳатман фаро мерасад, мумкин аст, вазъият дар масири хатарноктаре пеш равад.”

Баъди беназмиҳо дар Қазоқистон. 11-уми январи 2022

Моделҳои монанд

Тоҷикистон қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро соли 2016 дар ҳоле қабул кард, ки чунин қонун 6 сол пеш аз он аз сӯйи порлумони Қазоқистон қабул шуда буд. Ин қонун ба раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон масунити якумрӣ ва ҳаққи беҳудуди номзадӣ барои иштирок дар интихоботи президентӣ медиҳад. Тасвиби ин қонун коршиносонро ба ин бовар расонида, ки низоми сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи Қазоқистон самтгирӣ хоҳад кард, ки онҷо ба ҷуз раиси ҷумҳур симати раиси шӯрои амният вуҷуд дорад, ки зимоми онро Элбасӣ ё Пешвои миллат дар даст дорад.​

Андрей Казантсев

Андрей Казантсев, сиёсатшиноси рус, дар мусоҳибаи худ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Қазоқистон дастовардҳои Назарбоев идеяи машруиятбахшӣ маҳсуб мешаванд. Қазоқистон раёсати Шӯрои амниятро роҳбарӣ мекард, мубтакири Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва раиси даврии САҲА буд, дар муноқишаи Русия ва Туркия миёнҷигарӣ мекард ва мизбони “Нишасти Остона” дар масъалаи Сурия буд. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон вазъияти иқтисодӣ ҳанӯз ногувор аст ва барқарор кардани сулҳ омили машруиятбахши низом мемонад.

Тафовут (фарқ)-и асосии интиқоли қудрат дар Тоҷикистон аз Қазоқистон ин аст, ки дар Тоҷикистон меросбари “тахт” вориси хунии раиси ҷумҳур мебошад, ки эҳтимоли дуҳокимиятиро ҷилавгирӣ мекунад. Бо ин ҳол, аз поён ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ чоряк аср гузаштааст, ки натанҳо ҳофизаи таърихиро дар мавриди кашмакашҳои дохилӣ суст, балки тасвири “сулҳовар”- ро низ дар чашми мардум камранг мекунад. Чизе, ки ин ҳама сол раиси ҷумҳури Тоҷикистонро машрӯият мебахшид.

Эътирозҳо дар ғарби Қазоқистон 2-юми январ, пас аз боло рафтани нархи гази мое, сар зада, дар минтақаҳои дигар низ густариш ёфт. Тазоҳурот ба сар задани хушунат доман зад, ки дар 30 соли истиқлол бесобиқа будааст. Ҳазорҳо кас ба биноҳои давлатӣ юриш бурда, баъзеро ба оташ кашиданд. Марказҳои тиҷоратӣ ва хидматрасониро ғорат карданд ва мошинҳоро оташ задаву вайрон карданд. Хусусан Алмаато, калонтарин шаҳри Қазоқистон, хисорот (зарар)-и бузурге дид.

Раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ҳолати изтирорӣ эълон кард ва ба низомиён фармон дод, ки “бидуни огоҳӣ бипаронанд”. Ӯ аз пешгирии талоши табаддулоти давлатӣ сухан зад, аммо аз тарроҳони табаддулот ном набурд.

Баҳсҳои бештарро дар инҷо хонед:

Гапи Озод: Кабирӣ ва Талбаков. Бархӯрди дидгоҳҳо. ВИДЕОҲодисаҳои Қазоқистонро ба низоъҳои Хоруғ монанд кардаанд. Маҳмадбоқиров: "Ҷинояткор нестем"Абдуллоҳи Раҳнамо: Чаро ин Қазоқистон дигар он Қазоқистон нест?Лукашенко гуфт, агар ба Тоҷикистон кумак накунем, мисли Қазоқистон мешавад. ВИДЕО"Гапи Озод": Чӣ боиси эътирозҳо дар Қазоқистон шуд? ВИДЕО, САДО