Дар як ҳафтаи охир шикоятҳо дар бораи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Мақомот аз додани ҳама гуна шарҳ худдорӣ меварзанд. Ёфтаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон доданд, ки дар кишвар чанд мавриди гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабт шудааст.
Таби баланд, сур(л)фа...
Натиҷаи тести А.Ш., сокини шаҳри Душанбе, дар ташхисгоҳи "Диамед" нишон додааст, ки ӯ ба коронавирус мубтало шудааст. Ин ҳамсуҳбати мо рӯзи 17-уми январ гуфт, ки аввал ҳамсараш ва сипас тамоми оила бемор шуданд.
Ҳар рӯз маълумоти беморони навро ба Вазорати тандурустӣ мефиристем. Омори ниҳоиро аз мақомот пурсед.
"Соли гузашта ҳам бемор шуда будем, аммо имсол сабук гузарондем. Фақат се рӯз табам баланд шуд, сур(л)фа доштам ва тахтапуштам дард мекард," -- гуфт А.Ш., ки намехоҳад ному насабаш пурра зикр шавад.
Ба ин монанд ҳоло дар дасти Радиои Озодӣ дастикам чаҳор маълумотномаи дигар ҳаст, ки нишон медиҳад, соҳибонашон ба коронавирус гирифтор шудаанд. Яке аз ин санадҳоро Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикӣ, як ниҳоди вобаста ба Вазорати тандурустӣ, додааст.
Шикоятҳо дар шабакаҳо
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам шикоятҳо аз бемор шудан бо нишонаҳои COVID-19 зиёд аст. Рӯзноманигор Зебо Тоҷибоева рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аввал духтараш бо нишонаҳои коронавирус бемор шуд ва баъдан аъзои дигари хонавода худро бад ҳис карданд.
Ҳафтаи гузашта Нурангез Рустамзода, рӯзноманигори дигари тоҷик ҳам ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки натиҷаи ташхис ба коронавирус мубтало шуданашро тасдиқ кардааст.
Вале сарфи назар аз натиҷаҳои ташхис, ки сирояти бемориро ба сокинон тасдиқ мекунад, Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин бора ҳеч хабаре намедиҳад. Рӯзи 17-уми январ дар ин ниҳод аз додани ҳамагуна посух ба хабарнигорони Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.
Навор дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳар рӯз 3-4 мавриди беморӣ сабт мешавад"
Дар ташхисгоҳҳои шаҳри Душанбе ҳам, ки ин шабу рӯз серодам ҳастанд, аз суҳбат дар ин бора парҳез мекунанд.
Масъули як ташхисгоҳи хурд дар пойтахт гуфт, ҳамарӯза 3-4 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт мекунанд. Ӯ афзуд: "Ҳар рӯз маълумоти беморони навро ба Вазорати тандурустӣ мефиристем. Омори ниҳоиро бояд аз мақомот пурсед."
Ҳафтаи гузашта хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли манобеаш дар ду ташхисгоҳи Душанбе навишт, даҳҳо мавриди гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шудааст. Дар чунин вазъ як суол норӯшан мемонад, ки чаро Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз пахши омори беморон худдорӣ мекунад? Мақомоти Тоҷикистонро пештар низ барои пинҳонкорӣ танқид карда буданд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори охир рӯзи 20-уми ноябри соли 2021 дар бораи сабт шудани беморони COVID-19 хабар дода буд.
Сукути мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки кишварҳои ҷаҳон бо "омикрон", навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, дасту панҷа нарм мекунанд. То ин дам Узбекистону Қирғизистон, ду ҳамсояи Тоҷикистон, сирояти "омикрон"-ро ба сокинонашон тасдиқ кардаанд.