Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ваксинаи севум мегиранд. Пизишкон гуфтанд, "шарт" дорад. ВИДЕО


Яке аз шифохонаҳои Душанбе
Яке аз шифохонаҳои Душанбе

Дар Тоҷикистон гуруҳҳои осебпазири аҳолиро бо вояи сеюми ваксинаи COVID-19 эм мекунанд. То ин вақт дар кишвар сокинон танҳо ду воя ваксина мегирифтанд. Гузарондани вояи сеюми ваксина дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо “омикрон”, нави ҷадиди коронавирус, дасту панҷа нарм мекунанд.

Киҳо ваксинаи севум мегиранд?

Дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми январ хабар дод, ки кормандонаш вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд. Дар баъзе аз шифохонаҳои Душанбе низ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки барои ваксинзании вояи сеюм омода шудаанд.

Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, барои муташаккилона оғоз кардани эмкунӣ бо вояи сеюм бояд қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ муқобила бо COVID-19 содир шавад. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, шахсони зерин дар навбати аввал бо вояи севвуми ваксина эм карда мешаванд:

  • Пизишкон;
  • Кормандони соҳаи маориф;
  • Кормандони соҳаи бонкдорӣ;
  • Шахсоне, ки гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳастанд.

Феълан дақиқ нест, ки чӣ қадар аз аҳолии кишвар вояи севвуми ваксинаро мегиранд. Масъулони вазорат гуфтанд, аз ниҳодҳои дахлдор хостаанд, то ин рӯйхатро таҳия карда, ба вазорат фиристанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон ваксинаи севуми зидди COVID мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Шарҳи табиб

Пизишкон мегӯянд, гирифтани вояи сеюм ваксинаи зидди коронавирус баъзе шартҳои худро дорад. Ба гуфтаи Ноҳида Ҳамроалиева, пизишки Бемористони Ибни Сино, баъди гирифтани вояи дувуми ваксина, бояд ҳадди ақал шаш моҳ гузарад ва сипас вояи севвумро гузаронд.

Мақомот мегӯянд, гузарондани вояи севвуми ваксинаи зидди коронавирус бо тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ сурат мегирад. Маъракаи эмгузаронӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта оғоз шуд.

Тибқи омори ахири Вазорати тандурустӣ, то ин дам қариб 69 дарсади сокинони аз 18-сола боло дар кишвар вояи якум ва 58 дарсад вояи дуввуми ваксинаро гирифтаанд. Шубҳаву гумонҳо ба ин омори вазорат ҳамчунон боқист.

Инчунин, шикоятҳо дар бораи маҷбуран гузарондани ваксинаҳо борҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст. Масъулони вазорат мегӯянд, “маъракаи ваксиназанӣ дар кишвар хуб рафта истодааст” ва барои эмгузаронӣ бо вояи сеюм боз ваксина хоҳанд гирифт.

Ваксина аз куҷо меояд?

Тибқи иттилои Наврӯз Ҷаъфаров, масъули Вазорати тандурустӣ, ҳоло дар кишвар 3 миллион 700 ҳазор ваксина ҷой дорад. Илова бар ин, ба гуфтаи Ҷаъфаров, соли 2022 кишвар дар доираи барномаи COVAX зиёда аз як миллион воя ваксина мегирад. COVAX барномаи Созмони миллал мебошад, ки масъулити назорати тақсими баробари воксинаҳо дар кишварҳои нодорро ба уҳда дорад.

“Ҳамзамон Бонки Ҷаҳонӣ дар нақшаи татбиқи лоиҳаи худ оид ба муборизаи зидди COVID-19 дар Тоҷикистон 650 ҳазор воя ваксинаи Модерна бояд харида фиристад. 17 миллион доллари дигар барои харидани зиёда аз 2 миллион воя ваксина равона шудааст. Умедворем, ки ваксинаҳо мерасанд,” -- афзуд Наврӯз Ҷаъфаров.

Бар хилофи кишварҳои дигар, ки гирифтани ваксина ихтиёрӣ аст, дар Тоҷикистон бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ аст. Тоҷикистон то ин дам панҷ навъи ваксина AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Sputnik V ва Pfizer дарёфт кардааст.

Гуруҳҳои осебпазир дар ҳоле бо вояи сеюми ваксинаи зидди COVID-19 эм мешаванд, ки дар ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон “омикрон”, навъи нави коронавирус, сабт шудааст. Мақомҳои Узбекистон ва Қирғизистон хабар доданд, ки гирифторӣ ба навъи “Омикрон”-ро сабт кардаанд, аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ду моҳи охир аз ошкор шудани беморони нав хабар надодааст.

XS
SM
MD
LG