Танқиди соҳаи маориф аз забони президент масъалаи мактабу маорифро дар Тоҷикистон дигарбора доғ кард. Коршиносон мегӯянд, ин ришта ба як ислоҳоти саросарӣ ва бунёдӣ ниёз дорад, ки аз нашри китобҳои дарсӣ то афзоиши маоши муаллимонро дар бар мегирад. Иддае ба тағйири шеваи таълим дар донишгоҳҳо таъкид доранд. Аммо ончи аксарият мегӯянд, ин аст, ки сатҳи пасти маориф ба ҳамаи бахшҳои кишвар зарба мезанад.
“Ҳам гуноҳи омӯзгор аст, ҳам айби волидон”
Шариф Шарифхоҷа панҷ сол боз мудири литсейи хусусии “Кафолат” дар Душанбе аст. Вай мегӯяд, дар муқоиса ба даҳ сол пеш хоҳиши наврасон ба хондан камтар шудааст ва масъаларо ба чанд омил рабт медиҳад. Яке аз ин омилҳо, ба гуфтаи мудири литсей, омӯзгороне ҳастанд, ки барои рушди худ кам кор мекунанд.
“Омӯзгор мехоҳад, бо дониши 10-15 сол пеш гирифтааш як умр дарс гӯяд. Замона ҳар рӯз дар рушд аст, ҳар рӯз бояд як қадам ба пеш гузорем. Агар омӯзгор баробари шогирд наомӯзад ва ҳамеша шогирдро ба омӯхтан талқин накунад, манзалати ӯ пеши шогирд кам боло меравад,” -- афзуд Шариф Шарифоҷа.
Аммо ба гуфтаи Шарифхоҷа, мушкил танҳо дар омӯзгор нест. Сабаби дигар бетаваҷҷуҳии падару модарон ба ояндаи фарзандон аст. Мудири литсейи “Кафолат” мегӯяд, кам волидоне ҳастанд, ки таҳсили фарзандашонро ҷиддӣ назорат кунанд.
“Кам волидоне ҳастанд, ки ҳар бегоҳ барои фарзанд то ним соат вақт ёбанд, дафтару китоб ва рӯзномаи фарзандро санҷанд. Як бор пурсанд, ки имрӯз чӣ дарс хондӣ, пагоҳ чӣ ҳадаф дорӣ? Бисёр таассуф мехӯрам, ки падару модарҳои мо фикр мекунанд, бо супоридани фарзандонаш ба боғча, мактаб ва донишгоҳ вазифаи падариву модариро анҷом додаанд,” – шикоят кард ӯ.
"Фақат коғаз медиҳанд"
21-уми декабри соли 2021 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз он интиқод кард, ки барномаҳои таълимӣ куҳнаанд ва донишгоҳҳо фақат диплом, яъне коғаз медиҳанд.
"Барномаҳо кӯҳна аст, конспектҳо кӯҳна аст. Аксари омӯзгорони мо системаҳои нави кор кардан бо донишомӯзонро намедонанд. Мо худамон худамонро фиреб мекунем. Фақат шумора, диплом, коғаз медиҳем. Мо аз ин методи таълим даст кашем, реформа кардан даркор," – афзуд оқои Раҳмон.
Виктория Петрушкова 50 сол аст, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дарс додааст. Ӯ нокомии низоми кредитиро решаи мушкил дар мактабҳои олӣ медонад. Чун ба таъкиди Петрушкова, ин низом гуфтугӯи зиндаи устоду донишҷӯро аз байн бурд ва муҳассилинро ба роботҳое табдил дод, ки танҳо тест пур мекунанд.
Ин устоди донишгоҳ афзуд, тарафдори он нест, ки низоми тестӣ пурра барҳам дода шавад, балки ба гуфтааш, "тест як роҳи кумакрасони раванди таълим бошад, на василаи асосии санҷиши дониши донишҷӯ."
"Дар раванди таълим асосан бояд муошират бошад, бигзор донишҷӯ баромад кунад, сухан кунад, нависад ва навиштаашро барои ҳамсабақон гап занад. Ин низом мутахассис омода намекунад, ин як гурӯҳи одамони дипломдор ҳастанд, ки аён нест, барои чӣ ин дипломҳоро барояшон доданд,” -- таъкид кард Виктория Петрушкова.
“Маоши омӯзгор бояд зиёд карда шавад”
Донишҷӯён ба хотири эҷод нашудани мушкил намехоҳанд ошкоро суҳбат кунанд. Бисёре аз донишҷӯёни ҳамсуҳбати мо танҳо бо зикри “ҳамааш хуб аст” иктифо карданд. Вале як нафари онҳо бидуни зикри ном аз шароити таҳсил дар донишгоҳҳо, бахусус мавридҳои фасод дар онҷо шиква кард.
“Як гуруҳ муаллимон бештар савод медиҳанд, вале як гуруҳи дигар бисёртар маблағ мепурсанд. Идораи коррупсия дуруст кор намекунад. Агар кор кунад, қариб ними одамони донишгоҳ ронда мешаванд. Як мушкили дигар китобфурӯшии омӯзгорон аст. Агар китобро гирифтӣ, баҳоятро мегузоранд," – гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони Вазорати маориф ҳозир нашуданд, дар ин гузориш суҳбат кунанд. Маълум нест, онҳо барои рафъи камбудҳое, ки аз забони раиси ҷумҳурӣ садо дод, чӣ барнома доранд. Вале бархе мутахассисон мегӯянд, барои беҳтар кардани вазъи маориф дар кишвар бояд "пеш аз ҳама, ба мавқеи иҷтимоии омӯзгорон аҳамияти бештар додан зарур аст".
"Маоши онҳо ба ҳадде бошад, ки дар ғами рӯзгор, дар ғами проблемаҳои зиндагӣ набошанд. Муаллимон аз корҳои ғайрипедагогӣ озод карда шаванд. Баъд ба баъзе масъалаҳои сифати китобҳои дарсӣ аҳамияти бештар додан даркор. Чун ин чиз мураккабиро пеш оварда истодааст," – шарҳ дод Фозил Қосимов, мудири гимназияи хусусии “Ҳамадон”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Шахсонеро медонам, ки диплом надоранд, дар идораҳо кор мекунанд". Қонуни нав тағйире меорад?“Моро аз корҳои берун аз синфӣ озод кунед”
Як омӯзгори мактаби миёна, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар иловаи боло бурдани маош бояд сарборӣ аз сари омӯзгор бардошта шавад: “Шанбегӣ мешавад, бояд муаллим равад. Ягон чорабинӣ мешавад, омӯзгор меравад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ мешавад, бояд омӯзгор хона ба хона гардад. Муаллим бояд либоси кадом як ширкатро фурӯшад, пули китоб ҷамъ кунад ва боз ҳазор дарди сари дигар. Дар ҳамин аҳвол омӯзгор кай вақт пайдо мекунад, то бо шогирдон аз наздик кор кунад?”
Дар Тоҷикистон наздик ба 4 ҳазор мактаб ҳаст, ки дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. 41 донишгоҳу донишкада ҳаст, ки дар онҳо ҳудуди 250 ҳазор нафар илм меомӯзанд.
Солҳои пеш низ танқидҳо аз сатҳи таълиму тадрис дар кишвар зиёд садо медод, вале мақомот на ҳамаи онро қабул доштанд. Баъзе мутахассисон ва омӯзгорон аз он нигаронӣ доранд, ки баъди чанд ҳафтаи баҳсу баррасӣ танқиди раиси ҷумҳур аз ёд меравад ва мушкилоти соҳаи маориф дар ҷойи худ мемонад.