Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки ба вазъи сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳ кунанд. Ин вилоят моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди эътирози чаҳоррӯза буд. Мақомот мегӯянд, тафтиши ҳодиса идома дорад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таҳқиқи, ба гуфтаашон, "якҷониба" нигаронанд.
Anti-Discrimination Centre Memorial (Маркази зидди табъизи "Мемориал"), қароргоҳаш дар Брюссел, 14-уми январ дар баёнияе гуфт, "ақаллияти қавмӣ ва мазҳабии помириҳо" пас аз эътирози моҳи ноябр даврони душвореро паси сар мекунанд. Созмон набудани Интернету алоқаи мобилӣ ва ҳузури афзояндаи низомиёнро дар минтақа номбар кардааст.
"Мақомоти Тоҷикистон бояд ҳарчи зуд алоқаи мобилиро барқарор карда, дар тамоми минтақаҳои Бадахшон дастрасии босифати Интернетро таъмин кунанд. Бояд миёни мақомот ва мардум гуфтушунид шуда, тафтишоти шаффоф ва саривақтии мавридҳои марги одамон дар ҷараёни амалиёти низомӣ ва эътирозҳо таъмин карда шавад," -- омадааст дар баёнияи созмон.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба изҳороти Anti-Discrimination Centre Memorial (Маркази зидди табъизи "Мемориал") вокуниш накардаанд.
Тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карда, амалиёти боздошташро қонунӣ шумурданд.
Anti-Discrimination Centre Memorial (Маркази зидди табъизи "Мемориал") гуфтааст, сокинон моҳи ноябр ба зидди "амалҳои худсаронаи мақомоти қудратӣ" тазоҳурот карданд:
"Чунин ба назар мерасад, ки истифодаи аз ҳад зиёди чораҳо хатари муноқишаро ба вуҷуд оварда, дар сурати манипулятсия, ба даргирии байниқавмӣ оварда хоҳад расонд. Вазъияти ВМКБ вокуниши ниҳодҳои байнулмилалиро талаб мекунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба вазъи иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз саркӯб, табъиз ва поймол кардани қонун худдорӣ варзанд."
Созмон мегӯяд, ҳодисаҳои охири Қазоқистон, ки боиси хушунат ва вуруди нерӯҳои СПАД гардид, ин эҳтимолро бештар мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳодисаҳои Қазоқистонро ба низоъҳои Хоруғ монанд кардаанд. Маҳмадбоқиров: "Ҷинояткор нестем"